Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Баногӯшӣ аз худмуолиҷаи беморӣ даст кашед


Баногӯшӣ аз худмуолиҷаи беморӣ даст кашед



Кӯдакон  ҳангоми  бемор  шудан  ба  калонсол  муроҷиат  мекунанд.  Бархе  аз  калонсолон  чи  гуна  беморӣ  буданашро  нафаҳмида,  дарҳол  барои муолиҷа кӯшиш мекунанд, ки ин ба саломатии шахси бемор зарар карданаш  мумкин  аст.  Дар  ҳолати  варами  ғадудҳои  назди  гӯш,  мегӯянд «гулӯят уфтодааст». Ва бештар кампирҳо бо тарзи фишор кардан гӯё ки муолиҷа мекунанд, шояд ки ин бемории баногӯшӣ бошад. Ин бемориро мутахассиси сироятшинос Акбар Абдураҳмонов шарҳ медиҳад.

Баногӯшӣ чи гуна беморӣ аст?


Баногӯшӣ бемории сироятии вирусӣ буда, бо баландшавии ҳарорати бадан, заҳролудшавӣ ва калоншавии як ё якчанд ғадуди луоби наздигӯшӣ ҷараён мегирад, баногӯши бемории антрапанозӣ мебошад. Беморӣ аз одам ба одам бо роҳи тамоси маишӣ ва тамоси қатрагӣ мегузарад. Баъд аз гузаронидани беморӣ масунияти устувор якумра ҳосил мешавад.Мавсими ин беморӣ зимистон ва баҳор мебошад. Асосан кӯдакони аз синни 3 то 15-сола ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Аломатҳои бемории баногӯшӣ


Давраи ниҳоии беморӣ аз 11 то 25 рӯз мебошад. Аммо одам баъд аз 9-ум рӯзи воридшавии вирус  сироятнок  мегардад.  Баногӯшӣ  одатан ногаҳон  ба  заҳролудшавии  возеъ  оғоз  ёфта, ҳарорати бадан то 38-40 дараҷа баланд мешавад.  Инчунин,  беморонро  дарди  сар,  беҳолӣ, бехобӣ,  нестшавии  иштиҳо  ва   хунукхӯрӣ  безобита мекунад.

Пешгирии баногӯшӣ

Маводи  аз  ҳама  пуртаъсири  мубориза  бар зидди ин беморӣ ваксинатсия мебошад. Ваксинатсияи таъҷилӣ на дертар аз рӯзи 7-уми муайянкунии бемории аввалин гузаронида мешавад. 

Ваксинатсияи нақшавӣ тибқи тақвими моякӯбии миллӣ  гузаронида  мешавад.  Ваксинаи  якумро дар думоҳагӣ, ваксинаи дуюмро бошад, дар 6-солагӣ  якҷоя  бо  ваксинаҳо  бар  зидди  сурхча ва сурхакон мегузаронанд. Инчунин, истифодаи ниқоб ва антисептикҳо.

Ба принсипҳои асосии чораҳои пешгирӣ дохил мешаванд:

- Дарёфти барвақтии беморон ва ҷудокунии он ба муддати 9 рӯз аз оғози беморӣ.
- Бақайдгирӣ ҳисобот ва назорати статистикаи беморон.
- Таъин кардани карантини 21-рӯза дар ман-баи  сироят  бо  шамолдиҳӣ,  поксозии  намнок, квартскунонӣ.
- Назорати вогирии беморӣ.
-  Назорати  муассисаҳои  томактабӣ  ва мактабӣ.

Дараҷаи вазнини беморӣ

Ҳангоми дараҷаи вазнинии беморӣ ҳарорати бадан  10-14  рӯз  баланд  мешавад.  Минбаъд беморӣ  узвҳои  аз  бофтаҳои  ғадудӣ  таркибёфтаро маҷруҳ мекунад. Дар 1 ё 2 шабонарӯз яке аз ғадудҳои луобии назди гӯш калон шуда, дар як  шабонарӯз  тарафи  дигар  калон  шуда,  мулоим  мешавад.  Ҳангоми  зиёд  калон  шудани ғадудҳо  бофтаҳои  атроф  варам  карда,  баъзан то мавқеи лунҷ ва чака мерасад. Ранги пӯст ва ҳарорат  тағйир  ёфта,  маҷруҳшавии  ғадудҳои луобӣ ҳангоми хоидан ва фурӯбарии ғизо дарднок  мегардад.  Баногӯшӣ  метавонад  ҳамвор ва  ноҳамвор  ҷараён  гирад.  Дар  25%  ҳолатҳо баногӯшӣ танҳо аз як тараф ташаккул меёбад.


Масъули гӯша рамазони Мирзомиддин, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода