Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Саломатии кӯдакон ояндаи дурахшони кишвари мост


Саломатии кӯдакон ояндаи дурахшони кишвари мост



Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  ки  ба  рушди  ҳамаҷонибаи  кишвар  бахшида шудааст, масъалаи соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ таъкид намуда, чунин зикр доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати  хизматрасониҳои  тиббӣ  ба  аҳолӣ  тадбирҳои  заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Ҳамин аст, ки дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Саломатии кӯдакон, ки ояндаи миллатро ташкил медиҳанд, бояд дар маркази таваҷҷуҳи мо - табибон қарор гирад. Беҳбуд бахшидани  инфрасохтори  тиббӣ,  таъмини  муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо барои кӯдакон аз вазифаҳои муҳимтарини соҳа мебошад.

Ташаккул  ва  татбиқи  барномаҳои  давлатӣ,  ки  ба  пешгирии бемориҳо, ваксинагузаронӣ ва ташхиси саривақтии кӯдакон равона шудаанд, яке аз роҳҳои асосии ҳифзи саломатии насли наврас мебошад. Дар ин замина, омӯзиши навтарин дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ барои табибон аҳамияти хоса дорад.

Ҳамзамон,  тарғибу  ташвиқи  тарзи  ҳаёти  солим  дар  байни  аҳолӣ,  бахусус  дар  оилаҳо,  метавонад  барои  кам  кардани бемориҳои  кӯдакона  мусоидат  намояд.  Мо-табибон,  бояд  на танҳо  табобатгар  бошем,  балки  ҳамчун  роҳнамои  падару  модарон барои тарбия ва нигаҳдории саломатии фарзандонашон амал кунем.

Барои  расидан  ба  ин  ҳадафҳо  зарурати  таъмини  фарогирии  бештар  ба  доруҳои  босифат  ва  дастрас,  инчунин  ташкили марказҳои  махсусгардонидашудаи  кӯдакона  бо  мутахассисони баландихтисос эҳсос мешавад. Бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории зичи ҳамаи қишрҳои ҷомеа мо метавонем заминаҳои заруриро барои таъмини насли солим ва тавоно фароҳам оварем.

Ман, ҳамчун табиби кӯдакона, омодаам тамоми донишу малакаи худро барои беҳбуд бахшидани вазъи тандурустии кӯдакон ва иҷрои ҳадафҳои Пешвои миллат равона созам. Саломатии кӯдакон – ояндаи дурахшони кишвари мост ва мо бояд барои ҳифз ва таъмини он бо ҳамдигар кӯшиши пайваста намоем.

Баргигул Баротова,
муовини роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода