Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Латофат Одиназода: «Бе рушди илм кор дар муассиса бемантиқ аст»


Латофат Одиназода: «Бе рушди илм кор дар муассиса бемантиқ аст»




Коллеҷи  омӯзгории Донишгоҳи  давлатии  Кӯлоб  ба номи  Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ  аввалин  муассисаи  таълимӣ  ва маърифатӣ  дар  ҷануби  Тоҷикистон буда, соли 1931 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун курси  педагогӣ  таъсис  дода  шудааст. 

Коллеҷи мазкур аввалин боргоҳи илм дар вилояти Хатлон буда, тӯли 93 сол мешавад,  ки  ба  тайёр  кардани  мутахассисон машғул мебошад. Доир ба дастовардҳои муассисаи мазкур мусоҳибае бо директори  он  Одиназода  Латофат  доштем,  ки муҳтавои  онро  пешкаши  хонандаи  азиз мегардонем.

- Муаллимаи азиз, нахуст мехостем дар бораи коллеҷи омӯзгории донишгоҳи давлатии кӯлоб  ба  номи абуабдуллоҳи рӯдакӣ  каме маълумот медодед.


-  Коллеҷи  омӯзгории  Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тӯли 93 сол мешавад, ки ба таълиму тадрис ва тайёр намудани  мутахассисон  машғул  мебошад.  Дар  муассисаи  мазкур  дар  заминаи  синфи  11  аз  рӯйи 8 ихтисос ва дар заминаи синфи 9 аз рӯйи 5 ихтисос донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар коллеҷ танҳо  дар  заминаи  синфи  11  ихтисос  мавҷуд буду халос.

Имсол бошад мо талош кардем, ки дар заминаи синфи 9 низ 5 ихтисосро аз қабили 2-020202 - «Таърих», 2-020301- «Забон ва адабиёти  тоҷик»,  2-010201-  «Таҳсилоти  ибтидоӣ», 2-020401-  «Биология»  ва  2-020402  –  «Геогра-фия» роҳандозӣ намоем, ки ин албатта тақозои замони муосир мебошад. Айни ҳол дар муассисаи мо аз рӯи 16 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

- Барои дар амал татбиқ намудани “Стратегияи  миллии  рушди  маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон” барои давраи то соли 2030» дар муассиса чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

- Дар муассиса ҳуҷҷатгузорӣ дар самти иҷрои “Стратегияи  миллии  рушди  маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  то  соли  2030”  хуб  ба  роҳ  монда шуда, дар бораи амалишавии Стратегия нақшаи чорабиниҳо  тартиб  дода  шудааст.  Нақшаи чорабиниҳои  тасдиқгардида  аз  12  банд  иборат мебошад,  ки  ҳар  яке  аз  ин  бандҳо  марҳила  ба марҳила ҳалли худро ёфта истодааст. 

Барои  дар  амал  татбиқ  намудани  стратегияи  мазкур  ба  беҳтар  на-мудани  сатҳу  сифати  таълим  мо  як қатор корҳоро ба сомон расонидаем. 

Аз  қабили  ба  курсҳои  бозомӯзӣ  фиристодани  омӯзгорон,  ташкил  наму-дани  китобхонаи  электронӣ,  ба  нашр расонидани  дастурҳои  илмӣ-методӣ ва  ташкили  курсҳои  забономӯзиву баргузории  конференсияҳои  илмӣ-назариявӣ. 

Инчунин  дар  самти  омӯзиш  ва такмили  забонҳои  русӣ  ва  англисӣ, бо  дастгирии  бевоситаи  маъмурияти  коллеҷ  дар  якҷоягӣ  бо  шуъбаи робитаҳои  байналмилалӣ  курси омӯзиши  забони  англисӣ  барои  устодон  ва  донишҷӯён  ташкил  карда  шудааст, ки дар давраи аввал аз ин курс чандин нафар устодони коллеҷ гузаштанд. 

-  Заминаҳои  моддию  техникӣ, таълимию  лаборатории  муассиса-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 

-  Таълимгоҳ  аз  лиҳози  моддӣ-техникӣ,  аз  ҷумла  бо  васоити  техникии таълимӣ ба қадри зарурӣ таъмин аст. Илова ба ин, ба ҳар кафедра 3-4 синфхона  вобаста  шудааст,  ки  онро вобаста  ба  моҳият  ва  хусусиятҳои ихтисосҳое, ки аз рӯйи он кафедра мутахассис  тайёр  мекунад,  ҷиҳозонида аз ҷиҳати илмӣ-методӣ низ бо лавҳаю овезаҳо  оро  додаанд.  Синфхонаҳои компютерие, ки дар назди ду факултет ташкил шудааст, дорои 33 адад компютер буда, самаранокии дарсҳои амалӣ нисбатан афзалтар аст. Биноҳои таълимии муассиса дорои 40 синфхонаи таълимӣ  ва  6   устохонаи  таълимӣ-истеҳсолӣ  мебошанд,  ки  аз  ин  шумора  26  адади  он  бо  видеотасвирҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ҳамзамон муассисаи мо дорои китобхонаи  барҳавову  замонавӣ  буда, дар он 21792 адад китоби илмӣ, таълимиву  бадеӣ  мебошад.  Дар  моҳи феврали соли 2024-ум 50 нусха китоби  сиёсӣ  аз  ҷониби  доктори  илмҳои сиёсӣ,  раиси  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Ятимов  Саймумин  ва  439 адад  дастури  таълимӣ  аз  ҷониби Лоиҳаи  Агентии  ИМА  оид  ба  рушди байналмилалӣ (USAID) ба китобхонаи муассиса туҳфа гардид.

Муассиса  дорои  китобхонаи электронӣ  буда,  ба  шабакаи  интернет пайваст аст ва дорои 3050 китоби электронӣ  мебошад,  ки  омӯзгорону донишҷӯён  пайваста  аз  он  истифода мебаранд.

-  Соли  2024  коллеҷ  ба  кадом дастовардҳо  дар  самти  илм  ноил гардид?

- Муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро  бе  рушди  илм  тасаввур  кардан маъное  надорад.  Бе  рушди  илм  кор дар  муассиса  бемантиқ  аст,  зеро  як муайянкунандаи  рейтинги  муассиса  ин  самти  илм  мебошад.  Айни  ҳол дар  муассиса  10  нафар  омӯзгори соҳиби  дараҷа  ва  унвони  илмӣ  фаъолият  намуда  истодаанд.  Ҳамзамон 17  омӯзгори  дигар  ба  корҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошад, ки мо дар ин самт корро ҷоннок намуда истодаем. Дар ин давра дар коллеҷ як қатор конференсияҳо  гузаронида  шуд,  ки дар он омӯзгорон бо мақолаҳои илмии худ баромад намудаанд.

- Вазъи  хобгоҳи  муассисаро  чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

-  Хобгоҳи  муассисаи  таълимии Коллеҷи  омӯзгории  Донишгоҳи  давлатии  Кӯлоб  ба  номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  аз  чор  ошёна  иборат  мебо-шад.  Дар  соли  таҳсили  2024-2025 дар  хобгоҳ  80  ҳуҷра  бо  теъдоди  275 кати  хоб  дар  ҳамаи  ошёнаҳо  муайян шудаанд,  ки  ҳамаи  он  бо  донишҷӯён таъмин  мебошанд.  Дар  ҳар  як  ошёна ошхона, ҳаммом ва толори хониш ҷой  дода  шудааст.  Дар  соли  таҳсили 2024-2025  нархномаи  истиқомат  дар хобгоҳ барои як донишҷӯ 400 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар ҳар як ошё-на  камераҳои  назоратӣ  насб  шудааст. 

Дар  хобгоҳ  ҳам  аз  тарафи  маъмурият  ва  ҳам  аз  тарафи  омӯзгорон навбатдорӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар хобгоҳ аз ҷониби омӯзгорон маҳфилҳо,  чорабиниҳо,  мизҳои  му-даввар  ва  шабнишиниҳои  илмӣ  доир карда мешавад.

- Нақша ё дурнамои шумо барои дар  оянда  беҳтар  намудани  фазои таълим дар коллеҷ чӣ гуна аст?

- Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки ҳар як мушкилоти соҳаи таълимро дар коллеҷ  сари  вақт  бартараф  намоем. 

Мо нақша дорем, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар коллеҷ заминаи моддӣ ва техникии муассисаро боз ҳам хубтар  намоем.  Ҳамзамон  корҳои  илмӣ-таҳқиқотиро  ҷоннок  намуда,  сафи омӯзгорони унвондорро зиёд намоем, дар  озмунҳои  ҷумҳуриявӣ  фаъолона иштирок  варзида,  сазовори  ҷойҳои намоён гардем.

Суҳбаторо А. Алишер,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода