Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 15 сол: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон “парвози” худро дар Хатлон оғоз намуд


15 сол: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон “парвози” худро дар Хатлон оғоз намуд




Аз се толор ва алоқаи 2G то шабакаи бузурги фурӯшҳо ва садҳо пойгоҳҳои базавии насли чорум – чунин роҳро раёсати ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон тӯли таърихи понздаҳсолаи худ самаранок тай намуд. Ба муносибати зодрӯзи раёсат далелҳои асосиро ба ёд меорем. 
 
Дар соли 2009 раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон фаъолияти худро ҳамагӣ аз се толор дар ҳудуди Бохтар, Кулоб ва Фархор оғоз карда буд. Алҳол оператор дар минтақа зиёда аз 130 нуқтаҳои фурӯш дорад. Ба ғайр аз хизматрасониҳои анъанавӣ барои муштариён миқдори зиёди хизматрасониҳое дастрасанд, ки аз онҳо ҳамаи сокинони Хатлон истифода бурда метавонанд. Масалан, бо ёрии хизматрасонии “Cash Out” имкон ҳаст, ки маблағи корти бонкӣ нақд карда шавад.  
 
Маркази шабакаи хизматрасонӣ худи раёсати минтақавӣ мебошад, ки дар хиёбони Борбал дар Бохтар ҷойгир аст. Ба ғайр аз ин, соли 2021 баҳри боз ҳам қулай кардани имкониятҳои муштариён ва шарикон ширкат намояндагии худро дар кӯчаи Ҷумъа Алии Кулоб ифтитоҳ намуд. Ин имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба хизматрасонӣ ба мизоҷон ва бунёди инфрасохтори алоқа зудтар ҳал карда шаванд. 
 
Шабакаи технологии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” яке аз шабакаҳои бузургтарин дар Хатлон ба шумор меравад. Соли аввали фаъолият дар доираи масъулияти раёсати минтақавӣ камтар аз 100 пойгоҳи базавии (ПБ) стандарти “овозии” 2G қарор дошт. Айни замон бошад, он зиёда аз 470 майдонеро, ки дар онҳо 845 пойгоҳҳои базавии наслҳои гуногун насб карда шудаанд, дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб 370 ПБ муштариёнро бо интернети 4G таъмин менамоянд, суръати миёнаи он 13/15 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, шабакаи 4G-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар 84% ҳудуди аҳолинишини Хатлон дастрас мебошад. Ин барои бозори телекоммуникатсионии вилоят натиҷаи пешсафона маҳсуб меёбад. 
 
Ҳамаи хатсайрҳои маъруфи туристии минтақа, масалан, мавзеи Чилдухтарони назди Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, вайронаҳои дайри буддоии воқеъ дар теппаи Аҷинатеппа ва маҷмааи бостоншиносии Ҳулбук бо шабакаи 4G фаро гирифта шудаанд. 
 
Рушди шабака дар вилояти Хатлон доимо дар амал аст. То охири соли 2024 оператор ба нақша гирифтааст, ки бунёди боз наздики 16 майдони пойгоҳҳои базавиро анҷом диҳад. Сифати хизматрасониҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва навоҳии Ҷайҳун, Қубодиён, Мӯъминобод, Фархор, шаҳритус ва Ёвон такмил хоҳад ёфт. 
 
Устувории кори хизматрасониҳои “МегаФон Тоҷикистон”-ро хатҳои шаҳрӣ ва магистралии нахӣ-нурӣ (ХАНН) таъмин менамояд. Дарозии умумии онҳо наздики 700 километрро дар бар мегирад. То охири сол анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар самти гузаронидани хатҳои нави нахӣ-нурии “Данғара – Темурмалик – Кулоб – Восеъ” бо дарозии 110 км. ва “Бохтар – Румӣ – Панҷ” бо дарозии 100 км. дар назар аст. Дар баробари ин, зарфияти ХАНН-и магистралӣ дар хатсайри Бохтар -–Леваканд – Ёвон – Душанбе аз 1 Гбит/с то 40 Гбит/с васеъ мешавад. Ҳамин тавр, муштариёни хатлонии оператор имкон пайдо мекунанд, ки дар ин самт то чил баробар зиёд трафик интиқол диҳанд. 
 
Дастрасии ҳарҷоӣ ва сифати баланди алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” бисёри сокинони вилояти Хатлонро ҷалб менамояд. Наздики 32% муштариён мизоҷони оператор дар Хатлон мебошанд. Аз ин ҳисоб 76%-ро муштариёни рақамӣ ташкил медиҳанд, ки интернети мобилиро фаъолона истифода мебаранд. Ҳаррӯза дар паҳлӯи муштариён будан, дар ҳалли вазифаҳои ҳарчи бештари онҳо мусоидат кардан - чунин аст стратегияи ширкат. Сокинони Хатлон инро хеле қадр менамоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода