Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » МАҚСАД-ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН


МАҚСАД-ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН




Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар 9 моҳи соли 2024 корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Риояи дақиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  муроҷиатҳои шахсони  воқеӣ  ва  ҳуқуқӣ»  таҳти  назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули  шахсони  воқеӣ  ва  ҳуқуқӣ,  баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиати онҳо  диққати  ҷиддӣ  дода,  қабули  онҳо ҳамарӯза амалӣ шуда истодааст. 

Дар  ин  давра  ба  прокуратураи  вилоят  ва  шаҳру  ноҳияҳо  ҳамагӣ  7304  (6234) муроҷиат,  аз  ҷумла  шахсони  воқеӣ  - 7062  (5985)  ва  шахсони  ҳуқуқӣ-242  (249) муроҷиат ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 15,2 фоиз, ё худ 1077 муроҷиат зиёд мебошад. 

Аз ин, 2209 (1781) муроҷиат аз ҷониби мақомоти  прокуратура  мавриди  баррасӣ қарор  гирифта,  бо  натиҷаи  баррасӣ  621 (520) ё худ 28,1 фоиз муроҷиатҳо қонеъ, 119  (100)  рад  карда,  ба  1469  (1161) муроҷиат талаботи қонун фаҳмонида шудааст. Дар ин давом 626 (553) ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи  шахсони  воқеӣ  ва  ҳуқуқӣ муайян гардида, барқарор карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар ин самт 60 санҷиш гузаронида,  аз  натиҷаи  онҳо  627 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд. Баҳри бартараф  намудани  қонунвайронкуниҳо 150  амр,  14   эътироз  ва  142   пешниҳод оварда,  185   нафар  ба  ҷавобгарии интизомӣ, 5  нафар  ба  ҷавобгарии моддӣ ва  128   нафар  ба  ҷавобгарии  маъмурӣ кашида шуда, барои саривақт баррасӣ накардани  муроҷиатҳои  зиёди  шаҳрвандон 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 

Назорати  умумӣ  яке  аз  самтҳои муҳими назорати прокурорӣ маҳсуб ёфта, дар ин муддат вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои  талаботи  қонунгузории  ҷорӣ  1567 санҷишҳо  гузаронида,  аз  натиҷаи  онҳо ҳамагӣ  31029  қонунвайронкунӣ  ошкор карда шудаанд.

Бо  натиҷаи  санҷишҳо  ҷиҳати пешгирӣ  ва  бартараф  намудани қонунвайронкуниҳо 5705 амр, 4060 эътироз  ва  2653   пешниҳод   оварда,  4736 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 3627 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 9034 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. 

Инчунин  1072  парвандаи  ҷиноятӣ  оғоз гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта чораҳои эътиноии қабулгашта зиёдтар мебошанд.Кор  дар  самти  барқарор  кардани  зарар беҳтар шуда, маблағи 320,1 миллион сомонӣ  барқарор  шудааст,  ки   нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 27,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 

Аз 320,1 миллион сомонӣ маблағи зарари тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ барқарроргашта,  84,7  миллион  сомонӣ қарзи  андоз,  3,4  миллион  сомонӣ  қарзи гумрук ба манфиати буҷет, 72 миллион сомон, қарзи музди меҳнат, 85,4 миллион со-мон, қарзи нафақа ба манфиати маъюбон ва  нафақагирон,  25,2  миллион  сомонӣ, дар самти ноболиғон, 43 миллион сомонӣ, энергетика ва маблағи 6 миллион сомонӣ дар самтҳои дигари назоратӣ рӯёнида шудааст. 

Вобаста  ба  қонунгузории  буҷет  47 санҷиш  гузаронида  шуда,  аз  натиҷаи  он 439   қонунвайронкунӣ  ошкор  карда,  дар натиҷа  105  амр  ва  48  пешниҳод,  14  эътироз  оварда  шуда,  нисбати  77  нафар истеҳсолоти  интизомӣ,  116   моддӣ,  34 маъмурӣ оғоз гардид. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 1,3 миллион сомонӣ зарар барқарор карда, 46 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азонихудкунии молу мулки ғайр (моддаи 245 КҶ ҶТ) оғоз ва тафтиш карда шудаанд.

Прокуратураи  вилоят  оид  ба  таъмини  қоидаҳои  истифодабарии  қувваи  барқ ба  натиҷаҳои  назаррас  ноил  гардидааст. 

Аз  ҷумла,  68  санҷиш  гузаронида  шуда, аз натиҷаи он 3047 қонунвайронкунӣ ошкор  карда,  дар  натиҷа  630  амр  ва  110 пешниҳод, 37 эътироз оварда шуда, нисбати  229  нафар   истеҳсолоти  интизомӣ, 1567  моддӣ,  417  маъмурӣ  оғоз  гардида, дар  асоси  санадҳои  эътиноии  прокурорӣ маблағи  43  миллион  сомонӣ  зарар барқарор  ва  21  парвандаи  ҷиноятӣ  оғоз карда шудааст.

Прокуратураи  вилоят  назорати  иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи танзими  ҷашну  маросим  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба роҳ монда, ҷиҳати ама-лисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

 Бо  натиҷаи  санҷишҳои  гузаронидашуда  дар  ин  самт  дар  фаъолияти мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ, комиссияҳои  танзими  анъана  ва  ҷашну маросим,  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот, тарабхонаҳо,  ташкилоту  муассисаҳо  ва шаҳрвандон  қонунвайронкуниҳо,  ба  монанди  вайрон  кардани  вақти  баргузории чорабиниҳо,  зиёд  кардани  теъдоди  иштирокчиёни  маъракаҳо,  таъсис надодани комиссияҳои  ҷамъиятӣ  ва  ғайраҳо  дар маҷмуъ 576 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 48 амр, 12 эътироз ва 152 пешниҳод оварда, нисбати 166 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 2 моддӣ, 185 маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 

Дар самти қонунгузории ҳифзи муҳити зист  ва  ҷангал  бошад,  64  санҷиш  гузаронида,  1204   қонунвайронкуниҳо  ошкор  гардид,  барои  бартараф  намудани қонунвайронкуниҳои  ошкоршуда  114 амр  дода,  86  пешниҳод  ирсол  намуда, ба  санадҳои  ғайриқонунии  мақомоти дахлдор  288  эътироз  оварда,  88  нафар ба  ҷавобгарии  интизомӣ,  46  нафар  ба ҷавобгарии  моддӣ  кашида,  нисбати  520 нафар  парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 47 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Оид  ба  иҷрои  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ» аз ҷониби прокуророн ба 448 (368) қарору амрҳои   ғайриқонунии  раисони  шаҳру ноҳияҳо  эътироз  ва  пешниҳод  оварда шудааст,  ки  ин  нисбат  ба  ҳамин  давраи соли  гузашта  80  адад  зиёд  мебошад.  Аз шумораи умумии 448 қарору амрҳои эътирозшуда 359 адади он, ё ин ки 80 фоиз вобаста ба замин, 246 қарор ё ин, ки 55% қарору  амрҳои  ғайриқонунӣ  қабулкардаи раисони  амалкунандаи  шаҳру  ноҳияҳо мебошанд.

Вазъи  риоя  ва  иҷрои  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи  мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  мақомоти  худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба талабот ҷавобгӯй набуда,  ҳолатҳои  ба  қонунвайронкуниҳо, бахусус  ба  ҷиноятҳои  гуногуни  вазнин ва  махсусан  вазнин  даст  задани  раисони  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот  ва  ди-гар  шахсони  мансабдори  мақомотҳои маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  шаҳру ноҳияҳо ҷой доранд.

Пардохти саривақтии музди меҳнат таҳти  назорати  доимӣ  қарор  дода шуда,  ҳолатҳои  саривақт  аз  тарафи корфармоён пардохт накардани музди меҳнати  кормандон  дар  баъзе  аз  корхонаву  ташкилотҳои  ҳудуди  вилоят  то ба ҳол ҷой дошта, тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ дар ин давра 72 миллион (69,7 миллион) сомонӣ қарздории музди меҳнат ба манфиати кормандон пардохт карда шудааст. 

Ҳолати  иҷрои  конунгузории  замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш  ба  харҷ  дода  шуд,  ки  истифодаи оқилона ва самараноки замин дар доираи  талаботи  қонун  таъмин  карда, тақсимоти ғайриқонунӣ ва ғасби худсаронаи он пешгирӣ карда шавад. Новобаста аз ин, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан,  хариду  фурӯши  ғайриқонунии  замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дорад. Дар  ин  самт  131   санҷиш  гузаронида, аз натиҷаи онҳо 4926 қонунвайронкунӣ ошкор  гардида,  баҳри  бартарафсозии қонунвайронкуниҳои   ҷойдошта   унвонии  роҳбарони  мақомоти  дахлдор ва  ташкилоту  муассисаҳо  814   амр ва  424    пешниҳод  ирсол  карда  шуд. 

Ба  санадҳои  ғайриқонунӣ  805  эътироз  оварда,  311  нафар  ба  ҷавобгарии интизомӣ ва 533 нафар ба ҷавобгарии моддӣ  кашида  шуда,  1650  парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  ва  барои ғайриқонунӣ  додани  замин,  худсарона  ишғол  намудани  қитъаи  замин  ва дигар  ҷиноятҳо,  аз  ҷумла  ҷиноятҳои мансабии  ба  замин  алоқаманд  426 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар  1,3  миллион  сомонӣ  барқарор карда шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 365 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Баҳри  пешгирӣ  намудани қонунвайронкуниҳои  замин  дар  асоси  санадҳои  эътиноии  прокурорӣ  дар миқёси  вилоят  майдони   53,68  гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст.Ба  назорати  иҷрои  қонунгузорӣ оид  ба  ноболиғон  ва  ҷавонон  чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 139 санҷиш гузаронида, 4700 қонунвайронкунӣ  ошкор  гардида,  бо натиҷаи онҳо 646 амр, 583 эътироз ва 398   пешниҳод  бароварда  шудааст. 1385  нафар  ба  ҷавобгарии  интизомӣ, 544  нафар  ба  cавобгарии  моддӣ  ва 1020 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 162 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 26 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. 

Санҷишҳои  прокурорӣ  муайян намуд,  ки  ҳанӯз  ҳам  ҳолатҳои  аз  тарафи  шахсони  мансабдор  ва  хиз-матчиёни  давлатӣ  содир  кардани ҷиноятҳои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои  асосӣ,  сохтакории  хизматӣ ва  дигар  ҷиноятҳои  коррупсионӣ  ва иқтисодии  коррупсионӣ  ҷой  дошта, вобаста  ба  ин  ҳолатҳо  63  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.

Бо  назардошти  нақш  ва  аҳамияти Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи  фарзанд»  дар  тарбияи  насли  наврас  ҳолати  иҷрои  он таҳти  назорати  ҳамарӯза  қарор  дошта,  аз  тарафи  прокуратураи  вилоят ва  шаҳру  ноҳияҳои  он  61   маротиба санҷиш  гузаронида,  бо  натиҷаи  он 1572  қонунвайронкуниҳо  ошкор  ва ба  қайд  гирифта  шудааст.  Аз  ҷумла, нисбати  81  нафар  волидайн  парвандаи  ҷиноятӣ  барои  монеъ  шудан  ба гирифтани  таҳсилоти  миёнаи  ҳатмии асосии  нуҳсола  бо  моддаи  164  КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оғоз  карда,  нисбати  733   нафар  бо  моддаи  90  КҲМ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои  баррасӣ  ба  суд  ирсол  карда,  нис-баташон  ҷазои  сазовор  таъин  карда шудааст. 

Дар  давраи  таҳлилӣ    аз  ҷониби ноболиғон  ва  бо  иштироки  онҳо  дар ҳудуди  вилоят  152  ҷиноят  ба  қайд  гирифта шудааст.Сатҳи  содиршавии  ҷиноят  ба ҳолати 1 сентябри соли 2024 тамоюли болоравӣ   дошта,  4384  (4114)  ҷиноят ба  қайд  гирифта  шудааст,  ки  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  270 ҷиноят ё 6,56 % зиёд буда, 1555 (1486) ҷиноятҳо  аз  ҷониби  мақомоти  прокуратураи  вилояти  Хатлон  ошкор  карда шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо 82,48 (75,67) фоизро ташкил дода, содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремисти-дошта 69%, ғоратгарӣ 44,4%, авбошӣ 40,5%, қасдан расонидани зарари вазнин  ба  саломатӣ   23,5%,  вайрон  кар-дани  қоидаҳои  ҳаракати  роҳ  15,4%, муомилоти  ғайриқонунии  воситаҳои нашъадор 5,8% ва дуздӣ 5,9% афзоиш ёфтааст,  ки  боз   ҳам  пурзӯр  кардани фаъолиятро  дар  самти  пешгирии  ин қабил ҷиноятҳо тақозо менамояд.

Ҷиноятҳои  вазнин  дар  вилоят  833 адад  ба  қайд  гирифта,  ки  нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 13 адад ё 1,54% кам гардидааст. 

Аз  ҷониби  прокуророн  дар  ин  давра  326   ҷинояти  аз  қайд  пинҳонмонда ошкор  ва  ба  қайд  гузошта  шудааст, ки  аз  он  108   парвандаи  ҷиноятӣ  бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол  гардидааст.  Бо  натиҷаи  баррасии пешниҳодҳои  прокуророн  305   нафар кормандони  мақомоти  корҳои  дохилӣ барои  даст  задан  ба  рӯйпӯшкунии ҷиноят  ба  ҷавобгарии  интизомӣ  кашида шудаанд.

Дар  самти  мубориза  бо  муомилоти ғайриқонунии  маводи  нашъаовар  ошкоркунии  он  аз  233  ба  243  ҳолат  расида, миқдори маводи нашъаовари дарёфтгардида дар маҷмуъ 1364 кг. 181 гр. (1306 кг. 48 гр.) ташкил дода, нисбати ҳамин дав-раи соли гузашта ба 58 кг. 133 гр. маводи  нашъаовар  зиёд  дарёфт  ва  мусодира шудааст.

Яке  аз  масъалаҳои  мубрами  рӯз ҳодисаҳои  худкушӣ  буда,  дар  давраи  таҳлилӣ  113   ҳодисаи  худкушӣ  ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 51 нафар мардон ва 62 нафар  занҳо  буда,  аз  шумораи  умумӣ 88 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.

Дар  самти мубориза  бо  коррупсия аз  ҷониби  мақомоти  прокуратураи  ви-лоят  355  (336)  ҷинояти  коррупсионӣ ва  иқтисодии  хусусияти коррупсионидошта  ошкор  ва  бо  312  (306)-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи  зарари  ошкоршуда  6,1  (3,2 миллион) миллион сомонӣ ташкил намудааст,  ки  ба  фоидаи  давлат  3  (1,3 миллион) миллион сомонӣ, дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда,  ҳамзамон  дар ин  самт 74 (55) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Дар  ин  самт  аз  ҷониби  прокурату-раи  вилоят  11  ҷинояти  додану  гириф-тани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст. 
«Соли  маърифати  ҳуқуқӣ»  эълон шудани соли 2024 аз тарафи кормандони  дастгоҳи  марказии  прокуратураи  вилоят  ва  прокуратураҳои  шаҳру ноҳияҳо  тибқи  нақшаҳои  тасдиқгашта дар  ташкилоту  муассисаҳо  ва  байни аҳолӣ  вохӯрию  суҳбатҳо  бомаром  давом  дошта,  аз  васоити  ахбори  омма низ истифода карда мешавад. 

То  ба  инҷониб  аз  тарафи  прокурори вилоят дар доираи “Соли маърифа-ти ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 бо фаъолони ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷайҳун, Қубодиён  ва  инчунин  дар  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  вохӯриҳо  баргузор  карда   шуда, фаъолият дар ин самт идома дорад.

Прокуратураи  вилоят  тасмим  гирифтааст,  ки  минбаъд  низ  назорати  прокурориро  дар  ҳамаи  ҳолатҳо пурзӯр  намуда,  ҷиҳати  иҷрои  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ   Раҳмон  вобаста ба   таъмини  волоияти  қонун,  таҳкими қонуният  ва  тартиботи  ҳуқуқӣ,  ҳимояи ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд, манфиатҳои  давлат  ва  ҷомеа  тамоми чораҳои дахлдорро андешад.

Авазҷон НАЗАРЗОДА, 
Прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода