БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 122
Дар Донишкадаи техналогия ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони “Офтоби ишқу ирфон аст, Мавлонои мо” баргузор гардид.
Дар кори конференсия директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, аҳли илму адаб ва соҳибони каломи мавзун: Муҳаммад Ғоиб, Хайриддин Хайрандеш, Салими Хатлонӣ ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок доштанд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, бахшида ба рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оғоз гардида, мавсуф аҳли нишастро бо ин санаи фархунда табрику шодбош гуфтанд. Ҳамзамон дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки «Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға намунаи олии чунин арзишҳост».
Сипас, доктори илмҳои филологӣ Асозода Ҳотам, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддин Хайрандеш ва доктори илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Салими Хатлонӣ оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир суханронӣ карда, аҳамияти ашъор ва осору гуфтори Ҷалолиддини Балхиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.
Қайд гардид, ки шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастагуле аз савту наво ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...