Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ШОҲМОТ.


ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ШОҲМОТ.




Тоҷикистон дар категорияи «С» медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот дар пойтахти Маҷористон- шаҳри Будапешт ба анҷом расид. Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар категорияи «С» медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 7-и шаҳри Душанбе дар олимпиада Алишер Каримов ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев як меъёри IM (international master) — устоди дараҷаи байналмилалиро иҷро намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиадаи ҷаҳонӣ дастаи мардонаи Тоҷикистон дар байни 188 даста ҷойи 63-юмро соҳиб гардид. Дастаи занона дар байни 169 даста соҳиби ҷойи 70-ум шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода