Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Варзишгарони тоҷик соҳиби 11 медал шуданд


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Варзишгарони тоҷик соҳиби 11 медал шуданд




Варзишгарони  тоҷик аз чемпионати осиё  оид ба бокс, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб  баргузор  гардид,  бо 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва  6  биринҷӣ)  ба  Ватан баргаштанд.

Дастаи  Тоҷикистон  дар  бозии ифтитоҳии  даври  аввали  гурӯҳи  «Е» бо  қаҳрамони  Африқо  –  мунтахаби Марокаш  рақобат  намуд.  Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш ба анҷом расид.

Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  рӯзи  19  сентябр дар  доираи  даври  дуюми  марҳилаи гурӯҳии  Ҷоми  ҷаҳон-2024  бо қаҳрамони  феълии  ҷаҳон  -  яккачини Португалия,  ки  дар   даври  якум  бар тими  Панама  бо  ҳисоби  10:1  пирӯз шуд, рақобат мекунад.

Дар Чемпионати Осиё оид ба  бокс  байни  мактаббачаҳо аз  Тоҷикистон  Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба гирифтани медали тилло шарафёб шуданд. Инчунин, Дилшод Сиҷаев (35 кг) медали биринҷӣ ва Фирӯзҷон Бойматов (37 кг) медали нуқра ба даст оварданд.

Байни наврасон Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Билолҷон Иксанов (54 кг) медалҳои тиллоро соҳиб шуданд. Мино Аъзамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Мавриди зикр аст, ки Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ин чемпионат ҳайати мукаммал иборат аз 27 нафарро (14 муштзан байни мактаббачаҳо ва 13 муштзан байни наврасон) равон намуд. Дар ин чемпионат байни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлат иштирок намуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода