Ҳушдор: чангу ғубор мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 250
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 13-14 июл дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар тағйирёбии ҳаво, чангу ғубор дар назар аст.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинони мамлакат тавсия додааст, ки дар ҳолати чангу ғубор зуд-зуд бо латтаи намнок манзили истиқоматиашонро тоза кунанд. Аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, эҳтиёткор бошанд.
Беморони гирифтори касалиҳои диабети қанд, дилу раг ва гипертония ҳавои манзили худро пайваста тоза намуда, дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...