ОЗМУНИ «ҲУНАР ОМӮЗ...» ДОИР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 622
Имрӯз, 26 июн, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Ҳунар омӯз..." ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо мақсади муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ роҳандозӣ шуда, дар он ҳунармандон метавонанд намунаҳои маҳсули дасти хешро муаррифӣ намоянд.
Дар даври вилоятии озмуни мазкур ҳунармандон аз минтақаҳои Кӯлобу Бохтар намунаҳои ҳунари аҷдодиро ба намоиш гузоштанд. Ҳайати камиссияи озмун ба ҳунару маҳорати иштирокчиён баҳонгузорӣ намуда, зимни боздид изҳор доштанд, ки баҳри тарғиби ҳарчи бештари ҳунарҳои мардумӣ мебояд талош намоянд. Зимнан, дар озмуни мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон боздид намуда, ҷиҳати равнақ бахшидан ҳунарҳои аҷдодӣ ба онҳо изҳори сипосмандӣ намуданд.
Мавриди зикр аст ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии ҳалқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, 13 филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон», «Маркази омӯзиши модулӣ» ва «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» таъсис дода шудааст, ки аз рӯи 40 намуди ихтисос фаъолият дошта, зиёда аз 20 намуди онҳо самти ҳунарҳои мардумӣ ташкил медиҳад.
Тибқи низомнома ба озмун ҳунармандон аз рӯйи 7 номинатсия:
- кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ;
-гаҷкорӣ, ойинабандӣ, кундалнигорӣ;
- заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ;
-ороиш аз санг;
-кулолгарӣ;
-читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ;
-намадмолӣ ва қолинбофӣ молу маҳсулоти худ пешниҳод намуданд.
Мақсад аз баргузории ин озмун рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандўстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад, ки ҳамзамон барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз...» ҳамасола бо иштироки садҳо нафар ҳунармандон аз шаҳру навоҳии вилоят доир мегардад. Озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 юми январи соли 2023 ба тасвиб расида дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ташкил карда шудааст.
Дар анҷом ҳайати камиссияи озмун аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян карда бо “Дипломҳо”-и дараҷаи 1, 2 ва 3, сарфароз гардониданд. Зикр шуд, ки ғолибони даври вилоятии озмунро мебояд барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омодагӣ бинанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...