Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ВАЗЪИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ


ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО ВАЗЪИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ




2 март зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Кӯлоб аз фаъолияти ҶСК «Кӯлобтаҷҳизот», ҶДММ «Ваҳдат текстайл» ва ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» боздид намуданд. Корхонаҳои мазкур тайи чанд сол аст, ки аз фаъолият бозмондаанд.

Пас аз шиносоӣ бо вазъи мавҷуда, Сарвазири мамлакат дар назди роҳбарони корхонаҳо ва масъулини соҳавӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳо, барқарор кардани фаъолияти истеҳсолӣ ва истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон, ба беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмин намудани пешрафти устувори корҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, супориш дода шуд, ки бо истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда шумораи ҷойҳои корӣ зиёд карда шавад то шаҳрвандони бештар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар ободонӣ ва рушди саноати шаҳр саҳми арзанда мегузоранд. Дар идомаи боздид ҳайати расмӣ дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Лағмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли хӯроки парранда, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Холмуҳаммад Одинаев бо маблағи умумии 3,5 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст, шинос шуданд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 тонна маҳсулотро ташкил дода, барои 15 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2024 оғоз гардида, айни ҳол ҷиҳати ҳарчи зудтар ба истифода додани корхона суръати иҷрои онҳо пурзӯр карда шудааст.

Таъкид гардид, ки фаъол гардидани корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Кӯлоб мусоидат хоҳад намуд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода