Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАСЛИ 5-УМИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН” ОҒОЗ МЕШАВАД


ФАСЛИ 5-УМИ ҶОМИ РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН” ОҒОЗ МЕШАВАД




Бо ибтикори идораи рӯзномаи “Хатлон” ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футбол миёни кӯдакону наврасони то 13-сола барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” баргузор мегардад.

Мусобиқа дар доираи дастуру супоришҳои раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳандозӣ шуда, ҳадафи он рушди футбол, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии қонуншиканӣ миёни наврасон ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ бо иштироки 16 даста дар даҳаи сеюми моҳи марти соли 2026 дар ду минтақа - шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб доир мешаванд. Аз натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ 4 дастаи беҳтарин ба қисми финалӣ роҳхат гирифта, дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” рақобат хоҳанд кард.

Ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, медал, Сипоснома ва ҳадяҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин, беҳтарин бозингарони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Мусобиқаи анъанавии Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” рақобати ҷолиби варзишӣ, мактаби дӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ барои кӯдакону наврасон маҳсуб меёбад.

☎️ Барои маълумоти иловагӣ: (+992) 906-00-85-85

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода