ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ФАЗЛ НАБӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
2 март зимни сафари корӣ Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунгоҳи тиббиро дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло мавриди истифода қарор доданд.
Бинои бунгоҳи тиббӣ иловатан ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба маблағи 985 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Масоҳати умумии бино 83 метри мураббаъро ташкил дода, он аз се ҳуҷраи корӣ ва иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Баъди ба истифода додани иншоот 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Сарвазири мамлакат зимни ифтитоҳи бунгоҳ таъкид намуд, ки ба истифода супоридани чунин иншооти соҳаи тандурустӣ ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинони маҳалла мусоидат намуда, заминаи мусоиди ҳифзи саломатии аҳолиро фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур далели таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии мамлакат ба рушди соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар ноҳия мебошад.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...