Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН


БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН



2 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии бинои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Бинои донишгоҳ, ки дар маҳаллаи Ориёно ҷойгир аст, аз ҷониби фармоишгар-Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст. Лоиҳакаши иншоот КВД ПИТЛ “САНИИОСП” буда, пудратчии асосӣ ҶДММ “Фаридун” мебошад.

Корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз гардида, иншооти мазкур аз 7 блок иборат мебошад. Айни ҳол корҳои оҳану бетонӣ дар 5 блок пурра ба анҷом расида, дар 2 блоки дигар идома доранд. Дар раванди сохтмон 20 нафар сохтмончӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Зимни боздид ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва истифодаи масолеҳи босифат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи сафари корӣ ҳайати расмӣ бо ҷараёни татбиқи дигар лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳри Кӯлоб шинос хоҳанд шуд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода