БОЗДИД САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ “ПАНҶ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ҳолати обгардонҳои соҳили дарёи “Панҷ” боздид ба амал оварданд.
Соҳили дарёи “Панҷ” дар ҳудуди ноҳия аз сарбанди Чубек оғоз гардида, то дидбонгоҳи Сайёд 25 километрро дар бар мегирад. Бо мақсади пешгирии хавфи офатҳои табиӣ ва ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Тибқи иттилоъ, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 10522 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ омода гардидааст. Аз ин шумора 5000 адад дар мувозинати Муассисаи давлатии “Канали Чубек” қарор дошта, 5522 адади дигар ба ихтиёри ҶДММ “Соҳилсоз” дода шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби қисми ҳарбии 45085-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1485 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ омода гардида, барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ захира шудааст.
Зимни боздид таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии чунин тадбирҳо барои таъмини амнияти инфрасохтор, ҳифзи аҳолӣ ва пешгирии хавфҳои эҳтимолии табиӣ аҳамияти муҳим дошта, таҳкими соҳили дарёи “Панҷ” яке аз самтҳои афзалиятнок дар ноҳия ба ҳисоб меравад.
Алишери Абдулмаҷид,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...