САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ "ЁХСӮ" БОЗДИД НАМУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсӯ шинос гардид.
Масъулон иттилоъ доданд, ки 45,3 километри дарёи Ёхсӯ аз ҳудуди деҳаи Хонаободи деҳоти Даҳана мегузарад, ки 25,3 километри он мавзеъҳои хавфнок буда, ба аҳолии шаҳр ва деҳоти Даҳана, Зиракӣ ва Зарбдор хатар эҷод мекунад.
Бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ давоми солҳои 2024-2025 дар қитъаҳои осебпазири дарёи Ёхсӯ ба масофаи 3200 метр тахтасангҳои оҳану бетонӣ гузошта шуда, соҳилҳо мустаҳкам карда шуданд. Айни замон низ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, барои ҳифзи аҳолӣ, инфрасохтор ва заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.
Алишери Абдулмаҷид,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...