ИЗҲОРОТИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳму шафқат ва эҳсон аст. Дар ин моҳи муборак ҳамватанони мо ба қадри тавони хеш талош менамоянд, ба корҳои хайру писандида даст бизананд. Аммо ҳар як инсони муъмин бояд бидонад, ки дар шариати исломӣ дилхоҳ амал, аз ҷумла хайру садақот, тартибу низом ва одоби худро дорад.
Чунончи, рӯзҳои охир мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо дар шаҳрҳо, ҳангоми фаро расидани вақти ифтор маводи ғизоӣ, хӯрок ва дигар садақоти худро дар сари роҳҳои калон ва зери чароғакҳои роҳнамо ба ронандагону дигар мусофирон пешниҳод менамоянд. Чунин амалҳо боиси зиёд шудани тамбашавӣ дар роҳҳо ва таъхири мусофирон мегардад. Дар ҳоле ки савоби ҳама гуна садақот ва хайрот дар он сурат бештар мешавад, ки ба ниёзмандон дода шавад.
Аз ин рӯ, аз ҳамватанони азиз хоҳиш менамоем, ки хайру садақоти худро тибқи талаботи шариати исломӣ бе риё ба мустаҳиққони садақа, яъне ятимону бенавоён ва ниёзмандону дармондагон пешниҳод намоянд.
Тавре дар ояти 60-уми сураи “Тавба” омадааст:
"Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст".
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...