Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » А. Ганҷалов: «Мусиқӣ дар вуҷуди ман аст»


А. Ганҷалов: «Мусиқӣ дар вуҷуди ман аст»




Мусиқии суннатӣ яке аз санъатҳои бостонии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, аз қадим онро иҷро мекарданд. Мусиқӣ бо асбобҳои гуногун, аз қабилӣ зарбӣ, нафасӣ ва ғайраҳо навохта мешавад. Доира низ яке аз асбоби мусиқии машҳур мебошад, ки тавассути зарби даст навохта мешавад ва онро даф, габал, хавал низ меноманд. Он асосан дар Форс ва Осиёи Марказӣ машҳур мебошад.

Имрӯз дар ҷомеаи мо низ санъаткороне арзи ҳастӣ мекунанд, ки ба мусиқии суннатӣ рӯ оварда, тавассути доира дар ҳаёти фарҳангиву фароғатӣ иштирок мекунанд ва саҳми худро мегузоранд. Қаҳрамони матлаби мо Ашӯр Ганҷалов мебошад, ки айни замон дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгори доиранавоз ба ҳаводорони ин ҳунар дарс мегӯяд.

Ӯ 15 майи соли 1954 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омада, соли 1961 ба мактаб-интернати шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ю.А. Гагарин ба синфи 1 қабул шудааст ва соли 1970 онро хатм менамояд. Баъди хатм, ба омӯзишгоҳи педагогии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дохил шуда, соли 1974 онро низ бо сарбаландӣ хатм мекунад.

Қаҳрамони мо бо ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба хизмати аскарӣ меравад ва баъди адои қарзи шаҳрвандӣ дар шуъбаи фарҳанги шаҳр ба кор қабул мешавад. Дар баробари фаъолият, инчунин ба омӯзишгоҳи маданӣравшаннамоии ноҳияи Ленин (имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ) дохил шуда, соли 1979 онро ба итмом мерасонад. Баъдан, ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро низ бо муваффақият хатм мекунад.

Тӯли 5 сол, аз соли 1979 то соли 1984 масъулияти директори хонаи пионерони шаҳри Қӯрғонтеппаи онвақтаро ба уҳда дошт. Дар ин муддат дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгор ва ҷонишини диектор оид ба корҳои тарбия фаъолият намуда, дар рушду пешрафти маънавии насли наврас саҳми босазои худро гузоштааст.

Шуруъ аз соли 2023 дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгори доиранавоз фаъолият мекунад. Дар раванди фаъолият як қатор шогирд тарбия намудааст, ки имрӯз дар пайравӣ бо устоди худ доиранавозӣ мекунанд ва ин санъати мусиқии суннатиро пос нигоҳ медоранд.

Ашӯр Ганҷалов иброз медорад, ки завқи мусиқичӣ шудан аз хурдӣ дар дилаш шуъла мезад ва шуруъ аз соли 1968 пурра вориди он гардид.

– Мусиқӣ аз хурдӣ дар вуҷуди ман буд. Вақте ки дар шуъбаи фарҳанги шаҳр дар аввал ба ҳайси иштирокчӣ, пасон ҳамчун корманд фаъолият мекардам, чандин маротиба ба хориҷа – Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон сафари ҳунарӣ намуда, баромад мекардам”,- изҳор медорад А. Ганҷалов.

Қаҳрамони мо имрӯз соҳиби 5 фарзанд аст – як писар ва чор духтар. Писараш – Парвиз Ганҷалов пайравӣ ба касби падар карда, имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар фаъолият мекунад. Дар ин баробар, дар дигар самтҳои фаъолияти соҳаи санъат шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз аз номашон ифтихор мекунад.

“Яке аз шогирдонам, ки нозукиҳои самти хониши бадеиро барояш меомӯзондам, Отахон Саидзода, ҳамакнун директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов мебошад. Ӯ бениҳоят маҳорати баланди шеърхонӣ дошт. Дар ҳама гуна баромадҳои фарҳангӣ тайёриҳои пухта медид”, - бо ифтихор изҳор медорад А. Ганҷалов.  Имрӯз дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар ба чор гурӯҳи хонандагон аз нозукиҳои касби худ дарс мегӯяд. Шогирдон низ бо як завқу шавқи том нозукиҳои ин касбро меомӯзанду худ-ро насли хушбахти ҷомеа меҳисобанд.

Ашӯр Ганҷалов изҳор медорад, ки аз касби интихобкардааш розӣ аст ва шукрона мекунад, ки аз ин ҳунар имрӯз нон хӯрда истодааст. Дар ин баробар, дар муҳити оила низ ин касбро ба фарзандон омӯзонидааст ва ҳамсараш низ дар ҷамъомадҳои оилавӣ доиранавозӣ мекунад. 

Имрӯз дар ҷомеаи мо чунин чеҳраҳо зиёд ҳастанд, ки бо маҳорату салиқаи худ баромад мекунанд, аммо, мутаассифона, аксарияташон пушти парда боқӣ мондаанду ниёз ба муаррифӣ доранд. Дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ ва иҷрои масъулияти бардӯшдошта ба қаҳрамони матлаби худ – Ашӯр Ганҷалов барору комёбӣ таманно мекунем.

Шаҳодат ХОЛОВА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода