ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТЕАТР ДАР ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 4-уми ноябр, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи театри тоҷик чорабинии идона таҳти унвони «Ҷашни ҳунар» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оғоз ёфт. Зимни баромади худ ӯ аз саҳми муассир ва нақши муҳими аҳли ҳунар, бахусус ҳунармандони театри тоҷик ёдовар шуда, зикр намуд, ки санъати театр ҳамеша ойинаи зиндагии мардум буда, ҳунармандон паёмрасони зебоиву маърифатанд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони театри вилоятӣ барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанги ватанӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Қисми фарҳангии барнома бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, рақсу саҳначаҳои мазҳакавӣ ва порчаҳо аз намоишномаҳои театрии маъруф идома ёфт, ки бо кафкӯбиҳои гарми тамошобинон истиқбол гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...