Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Хатлон макони фарҳангу ҳунар буда, байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудааст. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти Хатлонзамин чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст. Манзараҳои табиати дилфиреби ин минтақа таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳону ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб намудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо назардошти минтақаҳои табиӣ-рекриатсионӣ, мавзеъҳои таърихӣ–динӣ ва мавзеъҳои истироҳатӣ туризми дохилӣ хеле рушд ёфтааст.
Манзараҳои табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин, рӯду чашмаҳои зулолу шифобахш ва дигар имконияту иқтидори сайёҳии ин минтақа, ба мисли шаршараи Сари Хосор, кӯҳи Чилдухтарон, Чилучорчашма, Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имом Зайналобиддин, Хоҷа Дурбод, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шоҳи Хомӯш, Ёрмуҳаммади Валӣ, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Мир, Қалъаи Муъминобод, шаҳраки Золи Зар, Теппаи Қӯрғон, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», НБО-Норак ва ғайра хеле машҳур буда, ҳар сол садҳо сайёҳ ба тамошои ин мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва истироҳатӣ ба Хатлон меоянд.
Дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 139 мавзеи сайёҳӣ, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 115 зиёратгоҳ, 21 харитаи сайёҳӣ ва 21 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан менамоянд.
Тибқи таҳлилҳо, дар вилояти Хатлон навъҳои афзалиятноки туризми экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, саргузаштӣ, таърихӣ-динӣ, кӯҳнавардӣ ва табобатӣ-варзишӣ хеле рушд ёфтааст.
Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат дастур доданд, ки дар соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.
Инчунин, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд.
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.
Инчунин, бо иқдоми ҳадафмандонаи Сарвари давлат санади муҳим бобати таъмини афзалиятҳои миллӣ, таъмини рушди бештари соҳаи сайёҳӣ ва амалишавии ҳадафҳои мушаххас «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки ин стратегияи дарозмуддати рушди соҳа буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд ва барои татбиқи ин ҳадафҳо чанд омили муҳим, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши соҳа бо сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ муҳим арзёбӣ гардидаанд.
Ҳадафҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити муосири раванди таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар саривақтист, зеро рушди деҳоту соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамдигар пайвандӣ дошта, амалигардонии чорабиниҳои ҳадафмандонаи стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо мусоидат менамояд.
Ташаббуси Роҳбари давлат нақши муҳиму созандагиро дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар эҷод намуд ва ба зиёд шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Шаҳри Бохтар. Дорои мавзеъҳои сайёҳӣ ин теппаи ба таври сунъӣ сохташуда, наҳрҳои Ҷӯйбору Бибихонум, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, муҷассаммаи трактор ҳамчун рамзи рушди кишоварзӣ, лавҳаи азхудкунии заминҳои водии Вахш, манораҳои Парчам ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи маъруфтарин мавзеъҳо ба ҳисоб мераванд.
Теппаи «Қӯрғон» таърихи биёрсола дошта, ҳамчун мероси фарҳангию маънавӣ то ба имрӯз барои мардуми шаҳр арзиши воло дорад. Теппаи «Қӯрғон» аҳамияти калони таърихӣ дошта, ба асрҳои I-II мансуб дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти кишваршиносон он табиатан ба вуҷуд наомада, балки сунъӣ сохта шудааст. Вақте ки теппа бунёд ёфт, дар давоми асрҳои ХIХ-ХХ дар болои Теппаи «Қӯрғон» қалъаи бек ҷой гирифта буд. Хоки теппа аз заминҳои гирду атроф оварда шудааст.
Мақсади асосии сохтани Теппа аз он иборат буд, ки посбонон қалъаро аз душманон ҳифзу нигоҳубин кунанд. Тибқи баъзе аз ривоятҳо дар ин ҷо бозоре ҷойгир буд, ки одамон аз давлатҳои гирду атроф омада, ба хариду фурӯш машғул мешуданд. Ҳар як шахс вазифадор буд, ки як халта хок оварда, дар болои теппа резад, баъд иҷозат дода мешуд, ки дар бозор савдо намоянд. Баландии теппаро ба 40 метр баробар карданд. Гирди теппа бошад, бо девори махсус маҳкам карда шуда буд, ки 12 метр паҳноӣ дошт. Аз ду тарафи теппа, ки дар болои он қалъаи бек сохта шуда буд, ду дарёча ҷорист. Дарёе, ки дар самти шарқии теппа аст, Ҷӯйбор ва дарёе, ки дар самти шимолии теппа ҷойгир шудааст, Хонум ном ниҳода шудааст. Ривояте ҳаст, ки ҷӯйи Хонум сайронгоҳи хонуми дӯстдоштаи беки Левакант-Бибихонум ва хидматгоронаш будааст. Барои ҳамин ҳам Хонум ном гирифтааст. Таърихи шаҳри Бохтар низ ба ҳамин қалъаи «Қӯрғон» рабт мегирад.
(Давом дорад)
Комрон РАСУЛОВ,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДД Б ба номи Носири Хусрав
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.