Соли волоияти қонун хоҳад шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 176
Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи маънавӣ, ҳуқуқии шаҳрвандон имконот ва давраи санҷиши ҷиддӣ фароҳам овард. Пешвои миллат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маҷмуи ҳуқуқҳои озодии имону виҷдон, интихоб кардану интихоб шудан, ширкат дар маърифати ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳақ ба ҳаёти солиму роҳати пиронсолӣ ва боз даҳҳо ҳаққу ҳуқуқи зиндагии шоистаро таъмин намуд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз 6 иқдоми сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, ки ҳамзамон ҳуқуқи инсонро ба истифода аз сарватҳои моддӣ, ҳифзи фазои зисту муҳити атроф, дастрасии озод ба сарватҳои табиии олам таъмин менмоянд, чун низомномаи фаъолият истифода менамояд.
Ҳуқуқе, ки имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷкистон доранд ва бо қонунҳои чун ҷавшани оҳанин ҳифз мешаванд, дар ақсои олам нест. Ва набояд сарфи назар кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро ва татбиқи ин қонунҳо таҳкурсӣ ва пойгоҳҳои воқеии амалӣ тарҳрезӣ намудааст. Табиист, ки дар ин раванд дар баробари шумораи ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва зарфияти масъулият низ зиёд мегардад. Бо мисолҳои дақиқ ин иддаоро тақвият мебахшам. Танҳо дар як ноҳияи Ёвон имрӯз дар баробари сохторҳои қудратӣ маърифати ҳуқуқӣ аз мизи мактаб то синфхонаи донишҷӯӣ, сатҳи маҳалла, деҳа ва Шурои деҳа таълиму тадрис мешавад. Ва ҳамаи ин омӯзиш ва таълим бо аёнияти пурмуҳтаво шавқу завқи наврас, ҷавонону мардуми солхӯрдаро ба зиндагии созанда афзун мекунад.
Пешвои миллат оқилона ва ҳам мантиқан Соли маърифати ҳуқуқиро пас аз сесолаи инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот, саноатикунонии босуръат ба тақвими зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ шомил намуд. Зеро, пас аз таҳияи куллии шароити моддӣ ва зиндагии аз нигоҳи моддӣ-иҷтимоӣ таъмин ба маърифати ҳуқуқӣ заминаи қавӣ муҳайё мешавад.
Аз таҷриба ва фаъолияти Суди ноҳияи Ёвон низ далалеҳо ва омори хушбину далолаткунандаи рушди маънавиёт, пешгирии қонуншиканиҳо, мубориза бо зуҳуроти манфии тундгароӣ овардан мумкин аст. Ноҳияи Ёвон имрӯз яке аз марказҳои азими саноатӣ ва парки технологии кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, кормандони Суди ноҳияи Ёвон бо сарварии раиси Суди ноҳия Ҷалолиддин Абдуллозода дар корхонаҳои саноатӣ мунтазам суҳбату тадбирҳои маърифати ҳуқуқиро доир мекунанд. Ҳар қадар алифбои ҳуқуқ содаву фаҳмо бошад, ҳамон қадар мардум аз ҳуқуқҳои хеш босамар истифода мекунанд. Боз он чиз ҷолиб аст, ки шаҳрвандон ба хубӣ дарк мекунанд, ки надонистани қонун ҷавобгарӣ аз қонунро истисно намекунад.
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, албатта, тақвимӣ нест. Соли 1992 ҳеҷ кас ба чунин зиндагии шоиста ва инкшофи муъҷизавӣ умедвор набуд. Ҳамзамон, Сарвари давлат фарҳанг, маърифат ва тамаддуни ниёгонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Бо иқдоми Пешвои миллат танҳо дар соли 2023-юм 15 намуд ёдгориҳои таърихию маънавии мо шомили мероси тиллоии ЮНЕСКО гардиданд. Ин ҳуқуқи байналмилалии моро тибқи меъёрҳо ва санадҳои ҷаҳонӣ ба истифодаи васеъ аз сарватҳои моддии дунё таъмин менамояд.
Дар ин раванд чанд пешниҳодро ба хонандагон арз медорам. Аввалан, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқиро бояд аз оила, муҳити зист оғоз кунад. Зеро имрӯз оила чун сохтори кӯчаки ҷомеа муҳаррики раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ аст.
Ба фаъолияти созмонҳо, ширкатҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, мактабу муассисаҳои таълимӣ, дар баробари натиҷаҳои истеҳсолӣ ва касбӣ, фаъолиятитарғибот ва рушди маърифати ҳуқуқӣ чун ченаки фаъолият ба инобат гирифта шавад. Зеро шоиста нест, ки корхона нақшаи истеҳсолотро 120 фоиз иҷро кунаду аз уҳдаи 5 нафар қонуншикан набарояд. Ҳар як мутахассис, корманди масъули мақомотҳои қудратӣ бояд дар муассисае сарпарасти ҳуқуқӣ бошад. Шарт нест, ки корманд дар кадом зина ва сатҳ фаъолият дорад. Масалан, ман ба ҳайси сардори шуъбаи умумӣ МТМУ №4-и шаҳрро ба зимма гирифта, ҳафтае дар он машғулиятҳои ҳуқуқӣ доир мекунам. Қатъиян муқобили озодии насли наврас дар шабакаҳои иҷитимоӣ ҳастам.
Бояд мисли фурӯхтани машрубот барои ноболиғон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии ноболиғон манъ шавад. Барои насли наврас то синни 18-солагӣ истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мумкин нест. Ва ниҳоят аз идораву вазоратҳои масъул тақозо дорем, ки нашри китобу маҷаллаҳои ҳуқуқӣ бештар шавад. Хеле хуб аст, ки рӯзномаи “Хатлон” барои мо минбари иттилоотии ҳуқуқӣ дастрас намудааст.
Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳуқуқи мо- ҷавононро ба бедории ғурури миллӣ ва ифтихор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ руҳбаланд менамояд. Дар урфият мегӯянд: «Ҳар қадар ишкели қонун қавӣ бошад, ҳамон қадар нафаси озодӣ бароҳаттар мегардад».
Умедҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
сардори шуъбаи умумии
Суди ноҳияи Ёвон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...