ФУТБОЛ – ФАРОТАР АЗ ЯК ВАРЗИШ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 199
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро дар бораи 25 май эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфт. Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ мусоҳибае доштем бо чеҳраи муваффақи футболи тоҷик, бозингари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва тими миллии кишвар - Раҳматшо Раҳматзода, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандаи гиромӣ мегардонем.
- Бештари ҷавонон имрӯз ба бозии футбол майлу рағбат доранд, чӣ боис гардид, ки Раҳматшо Раҳматзода ин риштаи варзишро интихоб кард?
- Ман ба футболбозӣ аз хурдӣ шавқу ҳаваси беандоза доштам, пайваста дар мактаб бозии писарони аз худам калонсолро тамошо мекардам, ҳамчунин тариқи телевизион рафти бозиҳои чемпионати ҷаҳониро тамошо намуда, дар дил ҳисси дар он мусобиқаҳо иштирок ва бозӣ карданро мепарваридам. Аз падарам хоҳиш кардам, ки ба ман тӯб харида диҳад.
Падарам ба ман як тӯби зебо харид. Ҳар бегоҳ бо он бозӣ мекардам. Дар ин росто падарам маро ба тамрин бурда, аз мураббӣ хоҳиш карданд, ки маро ба дастаашон қабул намояд.
Яъне ба дастаи футболи Норак, зеро ман худ зодаи шаҳри Норак ҳастам, аммо бинобар сабабе, ки қадам паст буд, маро қабул накарданд. Баъди як сол падарам маро дубора ба тамрин бурд ва ман дар онҷо тамрин кардам ва ҳамин тавр, тақдири ман бо футбол пайваст.
- Мухлисон Шуморо ҳамчун футболбози касбии дастаи “Равшан” мешиносанд. Нахустин тамринҳоятон зери роҳбарии кадом мураббӣ оғоз гардид?
- Дар дастаи “Равшан” бозӣ кардан бароям хеле ҷолиб аст, зеро мухлисони зиёд дорад, онҳо моро ҳамешаруҳбаланд мекунанд. Маҳз тавассути ин даста шинохта шудам. Нахустин мураббиам дар футбол Тоҷиддин Наботов аз шаҳри Норак буд. Мураббиам инсони хуб буданд. Ман аз эшон бисёр чизҳоро омӯхтам. Масалан, дуруст тӯбро ба нишон гирифтан ва онро ба қафо додан, муҳофиза кардан ва он чизе, ки дар футбол ҳаст, аз Тоҷиддин Наботов омӯхтам.
- Ба тими миллӣ чӣ гуна роҳ ёфтед?
- Аслан ман ба тими миллӣ дар синни 15-солагиам шомил шудам. Дар шомил шудан ба он устодам Аҳлиддин Турдиев кумак карданд. Дар ин тим ҳамаро санҷиш мекарданд, қариб 50 нафар будем, тамрин кардем ва ба тими миллӣ пазируфта шудани ман маҳз интихоби устод Аҳлиддин Турдиев буд.
- Дар тӯли бештар аз ду сол зери роҳбарии якчанд мураббӣ тамрин кардед. Усули машқдиҳии кадоме аз мураббиён бароятон писанд аст?
- Усули ҳамаи мураббиён ба ман писанд аст. Ман чи дар чемпионати дохилӣ ва чи берун аз он, зери роҳбарии мураббиёни зиёде тамрин кардаам. Аз ҳамаи ин мураббиён як чизи навро омӯхтаам. Аммо бештар усулҳои устодон Тоҷиддин Наботов, Аҳлиддин Турдиев, Алиҷон Турдиназаров, Мубин Эргашев писандам ҳастанд, зеро онҳо самимӣ меомӯзонданд, кӯшиш менамуданд, ки ба шогирдон чизеро ёд диҳанд.
- Шумо дар мусобиқаи дохилии якчанд мамлакат бозӣ кардаед. Мегуфтед, ки кадоме аз ин чемпионатҳо бароятон ҷолиб буд?
- Ман дар якчанд чемпионат бозӣ кардаам. Дар Белорусия, Қазоқистон, Иордания, Миср, Туркия, Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Қатар ҳамаи инҳо бароям ҷолиб буданд, зеро ҳар як дас-та меҳоҳад дар ин чемпионатҳо ғолиб барояд. Мубориза бурдан дар ин бозиҳо хеле шавқовар ва ҷолиб аст. Дар баробари ин, бисёр душвор ҳам ҳаст, зеро ҳар як даста мехоҳад парчами давлаташ парафшон шавад. Аз ҳама ҷолиби диққаташ он буд, ки вақте мо дар Хитой соли 2019 бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекардем, он рӯз ба рӯзи таваллуди ман рост омада буд ва ман дар ин мусобиқа ба дарвозаи ҳариф гол зада будам, ки инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.
- Ба фикри Шумо, дастгирии мухлисон метавонад дар раванди бозӣ ба даста муваффақият бахшад?
- Бале, мухлисон ба мо қувва ва неру медиҳанд. Вақте даста барои бозӣ кардан вориди майдон мешавад, мухлисии ҳаводорон ба он неруи изофӣ мебахшад. Тасаввур кунед, ки ба Шумо касе мегӯяд, «ту метавонӣ, ҳамеша ба пеш», ин барои мо боварӣ мебахшад.
- Роҳбарияти дастаи “Равшан” дар назди ситоди мураббиён ва футболбозон чӣ вазифаҳо гузоштааст?
- Дастаи “Равшан” дар назди худ вазифаҳои зиёд ва мушаххасе гузоштааст. Вазифаи аввалиндараҷаи м о аз он иборат аст, ки дар бозиҳои дар пешистода бозии хубро нишон диҳем ва дастаамонро ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Бахусус, мо кӯшиш мекунем, ки дастаамон дар Ҷоми КФО бозӣ намуда, дар он муваффақ гардем.
- Ба ҷавонону наврасоне, ки мухлиси футбол ҳастанд, чӣ гуфтаниҳо доред?
- Ба ҷавонон мехоҳам гӯям, ки аз хурдӣ ба тамрин машғул шаванд, тамоми нозукиҳои футболро аз худ кунанд. Ҳеҷ вақт руҳафтода нашаванд, ҷисму руҳи қавӣ дошта бошанд, дар ин сурат ба орзуҳояшон мерасанд.
А. Абдулмаҷид, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...