ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Як ба як дар набард


Як ба як дар набард




Моҳи ноябри соли 1941 дар муҳорибаҳои шимолу ғарбии Москва дивизияи савораи 20-ум, ки онро Тоҷикистон сарпарастӣ мекард, дар ҳайати корпуси гвардияи генерал Доватор ба ҷанг оғоз кард. 

Дивизия дар муҳорибаҳо қаҳрамонона ҷангида, супоришҳои ба зиммааш гузошташударо сарбаландона иҷро намудааст. Ҷавонписари тоҷик Муҳаммад Иброҳимов дар ин муҳорибаҳо шуҷоату мардонагӣ нишон додааст. 

М. Иброҳимов дар расчёти тӯп нишонгир буд. Вақте, ки дар задухӯрд бо танкҳо ва аскарони пиёдагарди душман рафиқонаш ҳалок шуданд, ӯ як ба як бо фашистон ба муҳориба даромад. Ин корнамоии ӯ бо нишони Ленин қадрдонӣ шуд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода