Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Савоб»- ҳои идӣ


«Савоб»- ҳои идӣ




Холаи мо имрӯз чун ҳарвақта парешон буд. Охир маросими ид фаро расида истодааст. Соли гузашта то фарорасии ид сару садоҳо зиёд шуда буд. Гоҳе кормандони кумитаи танзим ҳушдорашон медоданд, ки аз ҳад нагузаранд ва гоҳе раисони маҳаллаҳо таъкид мекарданд, ки ба “идгардӣ”- ҳои бемаънӣ роҳ надиҳанд. Аксарият мегуфтанд, ки хона ба хона гаштани бачаҳо аз субҳи содиқ аз нигоҳи ахлоқ хуб нест ва муҳимтар аз ин дар кӯчаву раҳу пайроҳаҳо издиҳом мешавад, ки ин низ бехатар нест. Ва билохира ба гуфти хола баъзеҳо, ки худ хасисӣ мекарданд, ин “қонун”- ҳоро риоя намуданду боқимонда “валинеъматҳо” кори худро карданд.

Акнун имсол боз мушкил дигар шуд. Ба шавҳараш, ки дар муҳоҷират буд, занг зада, нав мехост дар бораи “идпулӣ”-и имсола пурсон шавад, ки шавҳари аз нияти хароҷии зан хабардор дарҳол пеши табарро пахта гирифта гуфт:

-Ин ҷо вазъият безеб. Худат сабабашро медонӣ. Мо акнун то аз хамир ҷудо шудани мӯй маҷбурем бисёртар хонанишинӣ кунем ё бо кормандони мақомот бозии “рустшавакон”-ро ба роҳ монем. Барои ҳамин, занак, инсоф ин аст, ки идро бе “тантана” бо оилаи худат гузаронӣ.

Тарбуз аз бағали хола афтид. Ба пӯсташ кайк даромад. Ин чӣ хел мешавад. Оғози сол, ки аз ин гапу кашмакашҳо хабаре набуд, шавҳараш маблағи хубе равон карду ӯ зарфу зариф ё худ “посуда”-ҳои пеши бозорро ба гуфти худаш ба ҳар хона “комплект” харидорӣ кард.

Акнун бояд дар “идгардак” ҳамсояҳо онро медиданду ба ҳунари “хонадорияш” аҳсант мегуфтанд. Вале дигар аз куҷо мефаҳманд, ки ӯ дар хонааш чӣ дорад? Ғайр аз ин, ҳар сол бо баҳонаи ид як куртаи помбалхи “Сурайё” ва ё “паплини туретский” мекарду дар иду айёми дигар ва маросиму маъракаҳои хешу табору ҳамсояҳо гули сари сабад мешуд. Акнун он ҷилваи ҷамол аз куҷо мешавад? Боз ҳар ид бо баҳонаи сару либоси идии бачаҳо аз шавҳар пули кофӣ мегирифту 20 бар 80 ба манфиати худ муомилаи харидро ҳал мекард ва боқимондаро ба маъракаҳои навбатӣ мегузошт. Вале ин ҳам нашуд, ба худ норозиёна меғуррид холаи мо.

Баҳонаи ёфтаашро бинед-а! Берун баромада намешавад, кор карда намешавад... Боз масалдон ҳам шудааст. Мегӯяд, бибиҳои мо мегуфтанд, ки дар ид як хасро болои чашм монӣ ҳам, чизи навпӯшида ҳисоб меёбӣ. Магар ҳозир давраи хасу хошок аст. «Одаму либос, хонаю палос», гуфтаанд. Не, ин хел намешавад. Коре карда идпулиро рӯёнидан даркор. Хола дубора ба марди мусофираш занг зад.

- Мардакҷон! Мегӯм, рост гуфтӣ.

Дар ҳамин вазъият чӣ лозим маъракаи серхарҷ. Лекин як кори дигарро кардан даркор. Ана ту худат гуфтӣ, ки вазъият безеб, амният хуб нест. ХАЙРИ ҶОНАТ! Биё як савоби идӣ гирему ҳамсояҳоро як пиёла чой диҳем. Ҳам садақа мешаваду ҳам дуои хайрат мекунанд. Хайри ҷони мусофирони хона. Чӣ гуфтӣ?

Мардаки дар чанги зану ғурбату ҳароси дур аз ватанмонда ноилоҷ розӣ шуд. «Хайр мисли ҳарвақта неву камтар равон кунам, мешавад?»- гуфт ӯ.

-Мешаваду лекин аҳволи бозорҳои моро медонӣ-ку. Ҳамин, ки ид наздик шуд, фурӯшандагони мо “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” гуфта, молу маҳсулотро ду баробар гарон мекунанд,- гуфт хола забон хоида.

Мақсад фаҳмо шуд! Яъне, имсол ҳам бе дастархону ҳолу ҳавои идӣ намешавад. Боз, махсусан вақте, ки эҳсоси ашрофзодагии занҳо боло мегираду дар фикри “савоб” меафтанд. Билохира, маблағи “савоби идӣ” ба даст омаду хола сӯи бозор шитофт. Ҳамаи лавозимоти идро мувофиқи завқи худу шавқи ҳамсояву дугонаҳо ва «хайри» ҷони шавҳару бачаҳо харидорӣ намуду ба хона баргашт.

Вақте ҳисобу китобро оғоз кард, дид, ки дар ҳамёнаш чизе намондааст. Боз ба ташвиш афтод. Акнун аз куҷо як одами савобҷӯйи дигарро ёбад, ки то расидани хайри шавҳар “хайраш” кунад...

Райҳона

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода