Муҳофизи Ватан будан шараф аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 322
Яке аз рукнҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар кишвар доштани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ зиндагии осоиштаи мардум, истиқлол ва якпорчагии марзу буми Ватанро ҳифз менамояд. Дар арафаи ин ҷашни муҳим ва ҳамнасли даврони истиқлол андешаи ҳамватанонро доир ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурсон шудем.
Исмоил Муслимов, сарбоз аз шаҳри Кӯлоб
-Тӯли панҷ моҳ мешавад, ки дар қисми ҳарбии шаҳри Кӯлоб адои хизмат дорам. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ман ифтихор аст. Дар қисми ҳарбӣ сарбозон ҳамарӯза машғулиятҳои дарсӣ гузашта, тайёрии ҷангӣ меомӯзанд. Ин барои дар оянда ҳамчун як фарди ватандӯст ва ҷанговари асил шудани мо кумак менамояд. Инчунин хонаҳои маишию фарҳангӣ, фароғатӣ, толори фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра муҳайё гардидааст, ки мо метавонем ҳамарӯза дар вақтҳои холигии хеш аз онҳо истифода барем.
Ман хушнуд аз он ҳастам, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, қарзи ватандорӣ ва имонию инсонии худро адо намуда истодаам.
Одинамо Шарифзода, модари сарбоз
-Айни замон писари ман Хуршед Ғаниев дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан-Модарро бо сарбаландӣ адо намуда истодааст. Аз ҳамаи модарон даъват ба амал меорам, ки фарзандонашонро ба хизмати Ватан-Модар бо сари баланд гусел намоянд. Чунки қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, пеш аз ҳама, хизмат ба Ватан, ба халқи худ мебошад ва ҳимояи марзу бум низ аз фарзандони шуҷоъ вобастагии калон дорад.
Шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин худ як мактаби мардонагист ва имрӯз ҳам аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми шароит барои афсарону сарбозон муҳайё карда шудааст. Ман, ҳамчун модар, шод аз онам, ки фарзанди ман фарзанди содиқи Ватан аст.
Рустам Бобоев, собиқ сарбоз
-Соли 2017 бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда, хизмати Модар-Ватанро ду сол дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе адо намудам. Хизмати Модар-Ватан шараф аст.
Тавре ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бо нангу номус ва бофарҳангаш мебошанд”. Пас, ҳар як ҷавонписарро мебояд, ки мактаби мардонагиро гузашта, хизмати Модар-Ватанро ба ҷо орад. Мо-миллати сарбаланди тоҷик дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз ин рӯ, тамоми ҳамватанонро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният мегӯям.
Марҷонаи Амон, капитани милитсия
Ҷашни Артиши миллӣ барои мо-миллати тоҷик қудрат ва тавоноии давлати тоҷикон, муҳаббат ва садоқат ба Ватани худ, қобилияти ҳифз ва пуштибонии оилаи худро ифода мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи даврони Истиқлол буда, дар шароити вазнини таърихӣ таъсис ёфтааст. Аз ин лиҳоз, мо бояд шукронаи Истиқлол ва шукронаи хонаи обод намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Бозоралӣ Зокиров, падари сарбоз:
-Ман аз он хурсандам, ки фарзандам Даврон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо карда истодааст. Шоҳиди онем, ки дар қисми низомии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман тамоми қисмҳои ҳарбии мамлакат шароити хуб фароҳам аст. Сарбозон бо хӯрок, либосу ҷойи хоби гарм таъмин мебошанд. Фарзандам имрӯз мактаби мардонагиро бо сарбаландӣ гузашта истодааст. Шароите, ки дар қисмҳои низомӣ муҳайё шудааст, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Боварии комил дорам, ки фарзандони мо хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо мекунанд ва бо сари баланд ба назди волидон бармегарданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...