Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Санги хотира


Санги хотира




Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.


Модар. Баробари ба забон овардани ин калима пеши назари кас симои нуронии зане, ки ба фарзандонаш ҳаёт бахшидааст, онҳоро бо меҳру муҳаббат тарбия намуда, ба роҳи пурпечутоби зиндагӣ ҳидоят намудаасту мехоҳад, ки то дар ҳаёт ҳаст, аз амалҳои некашон ифтихор намояд, пеши назар меояд. Дар навбати худ, фарзанди солеҳ ва дилсӯз доимо аз ҳоли модар хабар мегирад, ҳар амалро бо маслиҳати ӯ ба ҷо меорад ва гирифтани дуои модар барояш беҳтарин мукофот аст.

Воқеан, инсон чанд дӯсти ҳақиқӣ доштаасту ҳамеша ба онҳо такя мекардааст. Байни онҳо муқаддастаринаш Ватан, модар, падар ва устод мебошад.

Ватан маконест, ки инсон дар он ҷо ба дунё меояд, аз обу хокаш баҳра мебардорад, ба воя мерасад ва вуҷудаш саршори меҳри диёраш мегардаду хизмат ба онро рисолати зиндагии хеш меҳисобад.

Модарон бошанд, беҳтарин лаҳзаҳои умри хешро фидои тарбияи фарзанд месозанд.

Падарон баробари таъминоти оила ҷигарбандонашонро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд, мехоҳанд, ки онҳо анъанаҳои неки оиларо идома диҳанд, меҳнатдӯст, боодоб бошанд, халқу Ватани худро сидқан дӯст доранд, дар айёми пирӣ асои волидайн бошанд. Устод дари илму маърифатро ба рӯйи тифлекушояд, то вай дар ҳаёт мавқеи худро пайдо карда тавонад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин қадри модараз онҳо болост. Вай ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳатто аснои беморию пирӣ ва афтодаҳолӣ дар ғами фарзандон аст. Мо ба мактаб, ба сафар, ба саёҳат ва ё ҷойи дигар рафтанӣ шавем, дарҳол даст ба дуо мебардорад.

Аз Худованд талаб мекунад, то сафарамонро бобарор гардонад, ба дидори гарми ҳамдигар шарафёб созад, аз офату парешониҳо наҷот диҳад. Асное, ки фарзанд комёб мешавад, хушнудии модарро ҳадду ҳудуд нест. Барои он ки умри мо дароз бошаду бе мушкилот ба воя расем, вай тайёр аст, тамоми дороӣ, ҳатто ҷонашро фидо кунад. Мутаассифона, баъзе фарзандон ба қадри модар намерасанд. Дар муомила бепарво буда, насиҳатҳояшро гӯш намекунанд. Дар пирӣ тез-тез аз ҳолаш хабар намегиранд.

Аз шикастани дили модар, ки ҳаёти ширинашро фидои онҳо намудааст, парвое надоранд. Баъди вафоти модар назди мардум бо тамоми овоз доду фарёд мекунанд , маблағ сарф карда болои қабраш санги хотира мегузоранд, ки ғайри худнамоишдиҳӣ кори дигаре нест. 

Беҳуда “Модар ризо – Худо ризо” нагуфтаанд. Мо бояд айёми дар ҳаёт будан бо рафтор, амалҳои солеҳ дар қалби модар санги хотира гузорем, то вай аз мо розӣ бошад ва рафтору кирдори мо сабақе ба ояндагон гардад. Рӯзе бо забони дарозу сари баланд гуфта тавонем, ки мукофоти аз ҳама бузург - розигии модар насибамон гаштааст. Фаромӯш насозем, ки ба қавли устод Лоиқ, танҳо дасти дуои модар метавонад ба мо пешравӣ, фатҳу кушоиш оварад...

Амонулло БАҲОВАДДИНОВ,
хонандаи синфи 7-и литсейи №2-и шаҳри Исфара

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода