Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ - омили муҳими пешравии ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 323
Бо назардошти муҳиммияти санаи таърихии 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ин санаи бузург ва муҳими таърихӣ Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Роҳбари давлат пешниҳоди саривақтӣ ва зарурист ва он имконият медиҳад, донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боло равад.
Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ дар ин давра қабул шуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9-уми апрели соли 1997 таҳти № 691 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 таҳти № 383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» сари масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар қабул гашта, дар ин асос санади муҳими ҳуқуқӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон - «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2019 таҳти №253 тасдиқ ва амалӣ гашт. Баъди иҷрои муваффақонаи ин барнома, санади навбатӣ дар ин самт - «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 таҳти №599 тасдиқ гашт. Айни замон дар доираи ин барнома аз тарафи тамоми бахшҳои марбутаи давлатию ғайридавлатӣ, корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз намуди моликияташон, дар роҳи амалӣ гаштани ин барномаи муҳими ҳуқуқии барои ҷомеа зарурӣ корҳои лозимаро анҷом дода истодаанд.
Ҷамъбаст ва таҳлилҳо нишон доданд, ки кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи ҷамъбастии соли 2023 баҳри баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолият дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, нақша ва чорабиниҳои дахлдор тартиб дода, иҷрои амалии онҳоро таъмин намудаанд.
Дар соли ҷамъбастии 2023 аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилояти Хатлон ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ 4278 маротиба бо лексия ва суҳбатҳо баромад намуда, тавассути воситаҳои ахбори умум 886 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятидошта баромад кардаанд.
Аз ҷумла, дар матбуот 328 маротиба, ба воситаи радио 262 маротиба ва тавассути телевизион 296 маротиба баромадҳо анҷом дода шудаанд. Кормандони прокуратураи вилоят дар ин давра вобаста ба Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳо баромаду вохӯриҳои зиёдеро анҷом додаанд. Прокуратураи вилоят дар ин самти фаъ-олият пеш аз ҳама ҳамкориро бо воситаҳои ахбори умум дуруст ба роҳ монда, масъалаҳои муҳими аҳамияти умумидавлатӣ доштаро, ки ба вазъи қонуният вобастагӣ доранд, ба воситаи садою симо ва матбуот ба самъи аҳолӣ расонидааст.
Нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат (аз соли 2023) оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон муваффақона ба иҷро расонида истодаанд. Дар ин асос ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гаштани соли 2024 вобаста ба санаи фархундаи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони прокуратураи вилояти Хатлон бо масъулияти том дар роҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва маърифатнок намудани шаҳрвандон дар самти баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ чораҳои лозимаро хоҳанд андешид.
Халифазода Муҳаммадризои Ниёз,
муовини прокурори вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...