Рашки солинавӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 280
Сиву якуми декабр ҳамсари Салимбек арчаро орою торо дода, аз пайи пухтупаз шуд. Бегоҳӣ вай шавҳарашро, ки аз кор андаке дертар баргашта буд, хурсандона пешвоз гирифт. Арчаи арӯс барин зеборо бо фахр ба вай нишон дод, вале баръакси чашмдошти ҳамсараш, Салимбек заррае хурсанд нашуд. “Уф” гӯён оҳи сарде кашиду чунон вонамуд кард, ки таги кор мондааст.
-Ҳа, мардакҷон, худаш тинҷӣ?-авзои парешони шавҳарашро дида, бо дилсӯзӣ ҳолпурсӣ намуд зан.
-Хоки сиёҳ тинҷӣ,- муғамбирона ҷигот андохт Салимбек. –Гӯё нофи мани берӯзиро бо кор буридаанд.
Ҳамеша супоришҳои мушкилу таъҷилиро чун салмаи сақат ба гардани ман бор мекунанд. Тӯти каҷи осон- бароякашонро ёфтанд! Ана, боз нағмаю нағомоташон сар шуд. Дар арафаи Соли нав маро ба командировка фиристонданианд.
-Ба командировка?
-Бале, ба командировка. -Ба пеши калонҳо даромада, узру маънӣ кунед, дар хона меҳмон дорам гӯед,-маслиҳат дод ҳамсараш.
-Ба пеши калонҳо дароям гуфтӣ?- абру гиреҳ кард Салимбек. -О, ту медонӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ? Гапи сардорро ду кардану бо вай почак ба почак шудан худкушист. «Бозӣ макун бо арбоб, арбоб занад ба ҳар боб» гуфтаанд. Беҳтараш, ба командировка мераваму ҷон халос. -Хайр, чи илоҷ, модоме зарур бошад, раво бошад,-гӯён ҳамсари Салимбек бо амри шавҳараш портфели сафарии вайро аз хонаи дарун баровард.
-Соли навро бе ман баҳузӯр қайд кардан гиред,-хайрухушкунон гуфт Салимбек.-Аз командировка чунон туҳфаҳое биёрам, ки дар хоби шабатон надида бошед.
Салимбек ба командировка меравам,-гӯён чашми ҳамсарашро хато карда, ба хонаи хушдораш Гулбону, ки дар гӯшаи дигари бинои баландошёнаашон буд, рафта даромад.
-Ман гумон доштам, ки аз тарси ҷалоҷинатон намеоед, бо нозу карашма гуфт Гулбону.
-Бо зани нодон-зиндагӣ зиндон. Ба командировкаи таъҷилӣ меравам,-гӯён албастиро боб карда фиреб додам,- завқкунон хандида, ба маломати ҳамсараш гузашт Салимбек. -Ҳарчанд ки «имшаб арафаи Соли нав, ба ҳеҷ куҷо наравед» гӯён сарашро ба хоки поям молид, мижжаам таҳ нахӯрд.
-Шумо гузашта шинед, ман ҳозир хӯрокро кашида меорам,-гӯён Гулбону ғамзакунон ҷониби ошхона рафт.
Салимбек аз портфелаш либосҳои хонагиро, ки одатан ҳангоми ба командировка рафтан ҳамроҳ мегирифт, бароварда пӯшиду сурудеро замзамакунон паси мизи хӯрокхӯрӣ қайза кард. Гулбону хӯрокро оварду лаълиро рӯи миз гузошта, аз ҷевон як шиша арақ баровард.
Салимбек, ки нӯшиданиро нағз медиду вақтҳои охир ҳеҷ пайт намеёфт, аз дидани шиша чашмонаш мурғак рафтанд.
-Мебахшед, -соате пас бо нозу тоб гуфт Гулбону.-Шуморо андаке танҳо гузорам, намеранҷед? Ҳамин сатили пасмондаҳоро холӣ карда биёям, чанд рӯз боз...
-Намемонам, ки шумо, ҷонакам, дастатонро ба оби хунук занед,- тамаллуқкорона калавида-калавида аз ҷой хест Салимбек.-Ман ҳозир худам фиррӣ бароварда мепартоям.
Салимбек инро гуфта, барои он ки шамол нахӯрад, рӯймоли пашмини Гулбонуро ба гарданаш печонда, сатилро бардошт.
Ҳамсари Салимбек, ки умедашро аз омадани шавҳараш канда буд, ду-се нафар дугонаҳояшро ба хона ҷеғ зад, то ки Соли навро якҷоя қайд намоянд.
-Домуллопочо наменамоянд?-баъди андаке пурсид яке аз меҳмонҳо.
-Кори бисёр зарурашон баромаду ба командировка рафтанд,-ҷавоб дод ҳамсари Салимбек.
-Ҳамин кор дугонаҷон, мардак- ҳоямонро хуб обу адо кард,-гуфт шикваомез меҳмонзани дигар.-Рӯзи шанбею якшанбе, иду арафа ҳам кору командировка будааст.
Занҳо дар гуфтугӯ буданд, ки садои занги дар баланд гардид. Онро ҳамсари Салимбек рафта кушод. Ба хона шавҳари ба командировка рафтааш дар даст сатил бо либоси хонагӣ даромад. Маст омаст ҳамсарашро Гулбону гумон карда, хост аз лунҷакаш бӯсад, вале баъди ба рӯяш торсакии обдоре хӯрдан ба хонаи худаш даромаданашро фаҳмида, ҳушёр шуд.
-М...м...ан... а... аз... командировка,- гуфт ҳамсараш.-Боз бо либоси хонагию рӯймоли занона.
Зан сатилро, ки дар танааш бо ранги сурх “КВ 13” навиштагӣ буд, бошаст аз дасти шавҳараш кашида гирифт.
-Зани салита аспи белаҷом. Ҳа, ин сатили ҳамсояамон Гулбону,- навиштаҷоти паҳлӯи сатилро хонда гуфт ҳамсараш.
-Ҳалворо ҳаким хӯраду калтакро ятим» гуфтагӣ барин ман боз дар дил калонҳои идораатонро мазаммат мекардам.
Зан кашидаву кушода бо сатил ба сари шавҳараш фаровард, вале дасташ ба миз бархӯрду аз ҷарангоси бозичаҳои арчаи рӯи он бедор шуд.
-Як дам ғанаб мекунам,-гӯён расо хоб рафтед-ку, занакҷон? -Бедор шудани ҳамсари дар обу арақ ғӯтидаашро дида гуфт Салимбек, ки охирин шилшилаҳои арчаи солинавиро овехта истода буд.
-Хайрият, ҳамааш дар хоб будааст, ғурғуркунон оҳи сабуке кашид ҳамсари Салимбек ва аз хоби аҷоибу ғароиби дар арафаи Соли нав дидааш завқкунон ба шавҳари содиқу меҳрубонаш ҷафстар шуд.
С. Баёзӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00