Ташвишҳои бобо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 269
Соли нави мелодӣ ҳам фаро расида истодааст. Ва аз чӣ бошад, ки Бобои мо ба ташвиш афтодааст. Чанд рӯз мешавад, ки гоҳу ногоҳ қувваи барқ хомӯш шуда истодааст. Агар дар шаби соли нав ҳам хомӯш шавад-чӣ? Кор безеб мешавад.
Ҳарчи бошад-набошад, соли нав чун як шаби шодии бачаҳо рамзӣ шуда мондааст. Ҷашн нагирӣ намешавад, мегуфт ба худ Бобо. Аммо боз худро тасаллӣ доду гуфт:
-Хайр, ҳеҷ гап не. Қувваи барқ хомӯш шавад ҳам, садои бачаҳову тарақ-парақи “салютҳо” ҳаст.
Шаб бе ҷӯшу хурӯш намемонад. Аммо масъалаи халтачаҳо чӣ? Бобо боз ба ташвиш афтод. Мехост халтачаҳои солинавии набераҳояш имсол ғайриодӣ бошад. Аммо дар вазъияти кунунӣ барои чунин омода кардани халтачаҳои солинавӣ бояд ҷайбат ҳам “ғайриодӣ” бошад. Бобо намехост чун солҳои қаблӣ халтачаҳои набераҳоро чашмрабояндаву шикамфиребанда сохта, бо шириниҳои “хитоӣ” пур намояд. Ба ҳамин хотир ният кард, ки онҳоро бо меваҳои ширину лазизи ватанӣ пур созад. Аммо афсӯс. Як дона анори сурхи сердонаи ватанӣ ва як себи хубонӣ аз 20 сомон кам намешавад. Охир, шукронаашон, шумораи набераҳои Бобо аз аввал то охири “алифбо” бо иловаи “пешоянду пасоянд”-аш аст. Бо ин нарху наво магарам як маошро пурра ба хариди халтачаҳо сарф кунӣ. Не, намешавад. Бобо аввал аламашро ба сари деҳқонон рехтанӣ шуд. Наход як меваи ватанӣ ин қадар қиммат бошад, ки чашиданашро орзу намоӣ.
Аммо боз хушбинӣ кард.
-Хайр, бечора деҳқонро ҳам фаҳмидан мумкин. Ҳазору як андозу “пас-андоз” дорад. Аз сари дарахт то сари бозор чору ночор миннати сад “гулу хор”-ро мекашад....
Чӣ бояд кард?
Ногаҳон чашми Бобо ба қатори донагифурӯшон афтод. «Ёфтам! Халтачаҳоро бо мағзу мавизу бодому писта пур мекунам»,- гуфт хушҳолона. Мегӯянд донагиҳо мағзи сари одамро «пурра» мекунад. Аз ҳама хуб ҳамин.
Шояд Бобои мо кайҳо боз аз кӯчаи пиставу мавизфурӯшон нагузашта буд, ки чунин «хаёли хом» ба сар кард ва боз ҳам ноком шуд. Халтачаҳои Бобо тавони бардошти арзиши пиставу мағзу мавизро надоштанд.
Бобо лаҳзае ба худ таҳқиқоти сотсиологӣ гузаронид: «нав фаҳмидам, ки чаро ин қадар бемағзӣ миёни ҷавонон бисёр шудааст.
Охир вақте мағзу мавизу писта чунин арзиш дорад, барои ҳама дастрас нест ва маълум, ки “бемағзӣ” зиёд мешавад. Шукр, ки имрӯз дар бозор ҳама чи ҳаст, аммо афсӯс, ки барои ҳама нест...»
Бечора Бобо ғамгин шуда буд, ки ҳамин дам садои ҷавони фурӯшандае, ки аз тарси нозирони роҳ аробаи пур аз ҷӯробҳояшро гоҳ ин тарафу гоҳ он тараф мекашид, ба худ ҷалб кард.
-Ҷӯробда биё бача! Сетояш 10 сомон!
Ба чеҳраи Бобо шодӣ дамид ва ӯ ба назди он ҳозир шуд. Аробаи пур аз ҷӯробчаҳои кӯдакона барои Бобо мағозаи “Элегант”-ро мемонд.
Беҳтарин туҳфаи солинавӣ. Ҷӯробчаҳои гарм. Як тиру ду нишон! Ҳам туҳфа мешавад, ҳам "Страховка” барои шабу рӯзҳои бебарқӣ...
Р. РАҲМАТОВА , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...