Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Нахустнамоиши «Малика Тӯрондухт»


Нахустнамоиши «Малика Тӯрондухт»




Дар театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар арафаи соли нави мелодии 2024 нахустнамоиши намоишномаи «Малика Тӯрондухт» доир гардид.

Дар нахустнамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, сокинону меҳмонон ва ҳаводорони санъати театрӣ иштирок доштанд. Намоишнома аз рӯйи асари нависанда ва драматурги итолиёвӣ Карло Готси, дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов ба хотири гиромидошти собиқ директори театри мазкур, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода ба саҳна гузошта шуд.

Нақшҳоро ҳунармандон М. Ҳоҷибоева, О. Саидзода, Б. Боқиева, Ҷ. Юсуфзода, К.Сафаров, Д. Саидова, У. Саидов, А. Сайфуллоев, Х. Сатторқулов, А. Абдураҳмонов, М. Шомуддинов ва дигарон иҷро карданд. Рассом Хайрулло Давлатов ороишгарӣ саҳна буд.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода