Шӯхиҳои «маҳфилоро»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 289
Ба хотири рӯҳбаланд гардонидани хонандаи арҷманди рӯзномаи “Хатлон” чанде аз шӯхиҳои ҳаҷвнигорони гурӯҳи “Маҳфилоро”-и ноҳияи Ёвонро гирд овардем.
“ЗНАК”
Абдураҳим Набиев, ҳунарпешаи театри халқии ноҳияи Ёвон, латифаи намакини хешро, ки аз ҳаёти ҳаррӯзаи мардум гирифтааст, тақдим кард:
Бобои Мерган ҳамроҳи наберааш Тупаланг ба шаҳри Душанбе мераванд. Аз Ёвон то Душанбе, бобои Мерган мошинро меронад, дар шаҳр расидан замон ба Тупаланг мегӯяд: «бачам, акнун дар дохили шаҳр ту мошинро рон». Тупаланг ҳайрон шуда мегӯяд, ки «бобо барои чӣ? Дар шаҳр мошин рондан осон-ку, ҳама знакҳо (аломатҳои роҳ) насб шудаанд, чароғакҳо фаъол...».
Бобои Мерган мегӯяд, ки «бачам, дуруст мегӯӣ, “знак”-ҳо мефаҳмонанд, лекин дар ин шаҳр гаштугузори “знак”-ҳоро мебинам, он “знак”-ҳои роҳ аз ёдам мераванд.
БОБОИ КЕДМАН
Ғайрати Ҷӯрахон, овозхони бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон:
Бобои Кедман бемор мешавад. «Неъмат, падари дӯстам бемор шудааст», гуфта, ба хабаргириаш меравад. Шахсе дар роҳ Неъматро мебинаду мегӯяд:
-Ҳа, Неъматҷон тинҷист, дар ин гузарҳои мо?
-Бобои Кедман бемор шудааст, ба аёдаташ рафтам.
Бобои Кедман худаш бемор шудааст?
-э-не, дасташ.
МОШИНХАРӢ
Як мард ба ҳамсояаш мегӯяд:
-Ҳамсояҷон, фардо ба мошинбозор рафта мошин гирифтан лозим.
Ҳамсояи дигар ҳайрон шуда мегӯяд, ки мошинро чӣ кор мекунед?
-Барои писарам мехарам.
- Бачаи ту мошин ронда метавонад?
Мошинхар мегӯ-яд:
Фарқаш чӣ? Таксӣ зада ёд мегирад.
МУАЛЛИМ
Муаллим ба синфхона медарояд, ки хонандаҳо бо овози баланд бо якдигар суҳбат доранд.
Муаллим: «бачаҳо, хомӯш шавед!»
Бачаҳо гӯё муаллимро нашунида бошанд, идома медиҳанд.
Муаллим дубора дод зада мегӯяд:
«бачаҳо, намефаҳмед? Ба хомӯшӣ риоя кунед!»
Яке аз хонандаҳо ба муаллим мегӯяд:
- Муаллимаҷон Шумо 45 дақиқа гап мезанед, мо ягончӣ мегӯем?
А. РИОЕВ ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00