Панҷгоникҳои Хатлон сесола шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 291
Охири соли 2020 дар оилаи Нурматовҳо аз ноҳияи Қубодиён соли пурфайз буд. Зеро келини ин оила панҷгоник ба дунё овард. Ин панҷгоникҳо дар Тоҷикистон аввалин ва ягонаанд.
Рӯзномаи “Хатлон” аз рӯзи ба дунё омадани онҳо пайваста дар бораи саломатӣ ва ҳаёташон маводҳо ба нашр мерасонад. Имсол ҳам дар арафаи соли нави мелодӣ ва сеюмин зодрӯзашон гурӯҳи эҷодии рӯзнома ба аёдати онҳо рафта, бо туҳфаҳои солинавӣ онҳоро табрик намуд.
Бибиоиша аз ҳама хурдии панҷгоникҳост. Ӯ аллакай гапзан шуда, шеър мехонад. Дар байни онҳо Ҳусейн аз дигарон дида ҳушёртар, Зуҳро доною зирак, Ҳасану Фотима бошанд, ором ва ҷиддӣ менамоянд.
Ин панҷ тифл аз ҳамдигар бо хислатҳои мухталифи худ фарқ мекунанд. Вақте, ки мо дар даст туҳфаҳо вориди хонаи онҳо шудем, гӯё мисли соли қабл омадани моро дар ин шабу руз мунтазир буданд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Бобоев, бобои панҷгоникҳо Зуҳро духтари доною хушзеҳн аст. Зеро ӯ баъзан суханҳое мегӯяд, ки ба ақли калонҳо рост намеояд. Зуҳро аллакай касби ояндаи худро интихоб намудааст, вай мехоҳад дар оянда табиб мешавад. Ин панҷгона ҳамеша якҷо бо ҳам бозӣ мекунанд. Баъзан вақт бобояшон онҳоро фарқ карда наметавонад, ки кадомаш Ҳасану кадомаш Ҳусейн аст.
-Бисёртавлидкунӣ дар оилаи мо ирсӣ аст. Ин чорумин нафарест, ки дугоник ба дунё меорад. Ду духтарам, келинам ва набераам дугоник таваллуд карданд. Ба писари хурдии ман Раҳмонҷон Худованд панҷгоник ато намудааст. Ӯ боз ду фарзанди дигар ҳам дорад. Онҳо мактаб мехонанд. Ману кампирам, духтари хурдиам дар тарбия ва ба воя расонидани онҳо ба келин кӯмак мекунем, - мегӯяд Муҳаммад Бобоев, бобои панҷгоникҳо.
Ҳоло падари онҳо дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Модарашон ба кишту кори деҳқонӣ машғул аст. Аммаашон, ки ҳамшираи шафқат аст, пайваста аз вазъи саломатии онҳо хабар гирифта меистад.
-Аз рӯзе, ки падарашон ба Россия рафтааст, масъулияти ман каме афзудааст. Як тараф тарбияи онҳо, аз тарафи дигар кори хона... Агар хоҳӣ, ки фарзанди хуб ба воя расонӣ тарбияи фарзанд мушкил аст, вале ба якборагӣ панҷ нафарро калон кардан ин кори мушкилтар. Аммо, ба ҳар ҳол, шукри Худованд, ки чунин неъмати бебаҳоро ба мо насиб кардааст, - нақл мекунад Дилноза Мамадова, модари онҳо.
-Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба оилаи мо як гектар замини кишт ҷудо карда шудааст. Ман кӯдаконро ба хонаи бародарам бурда, бо аммашон мегузораму худам аз пайи кишту кор ба саҳро меравам. Мо дар замин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили пиёз, картошка, помидор, шалғам, бодиринг ва ғайраро кишт мекунем. Хайр, аз як тараф ба шавҳарам ёрдам мешавад,- илова кард Дилноза.
Маврид ба зикр аст, ки 30-юми декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба панҷгоник таваллуд кард. Онҳоро Фотима, Зуҳро, Бибиоиша, Ҳасан, Ҳусейн ном гузоштанд. Имсол дар арафаи Соли нав онҳо 3-сола мешаванд.
Мо-аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ба онҳо тани сиҳат, хотири ҷамъ, умри бардавом ва некҳолӣ таманно дорем. Умед бар он мебандем, ки ин панҷгона дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расида, баҳри ободии Ватан саҳми худро мегузоранд.
Н. Саидаброр,
А. РИОЕВ , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00