Санади рӯҳбахшу раҳнамо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 273
Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан самти қонунгузорӣ ва вазъи ҷомеаи муосир диққати аввалиндараҷа дода, бамаврид қайд медоранд, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст.
Аксаран баромаду паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд.
Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ин нигоҳ доштани қобилияти худтакмилдиҳӣ буда, ҳамчун заминаи таъминкунандаи Санади рӯҳбахшу раҳнамо рушди минбаъда он бояд баҳри бартараф намудани монеаҳои пайдошаванда хусусияти кушода дошта бошад. Бо назардошти ин, хусусияти муҳими Паёми Пешвои миллат бакорандозии механизмҳоеро пешбинӣ менамояд, ки баҳри бартараф намудани монеаҳои рушди минбаъдаи иҷтимоию ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд.
Боиси қайд аст, ки мардуми шарафманди тоҷик бо татбиқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардида, дар ҳама соҳаҳои мамлакат, хусусан дар самти амалисозии қонунгузориҳои нав пешравиҳои назаррас рӯ ба кор омада, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар, хоса барои рушди тафаккури интиқодӣ ва зиракии сиёсӣ қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Хусрав Холдорзода,
раиси Суди ноҳияи Шаҳритус
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00