Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Хаёл кардам, зангирӣ...


Хаёл кардам, зангирӣ...



- Ало.

- Саломалекум, духтари нағз! - омад садои худбовару худписанде аз гӯшии телефон, ки маро аз тамошои қисмати шашум ё ҳафтуми сериали хоби худ бо номи "Муҳаббатро танҳо дар хоб мебинӣ" маҳрум кард.

- Ассалому алайкум, - ҷавоб додам ҳамчун духтари боодоби соҳибпадари тарбиятдидаи шармгини хоксори баиззати деҳотӣ. - Чаро не?- илова кардам, гӯё ки тамоми умр, аз ҷумла то соати сею чилу як дақиқаи ҳамин шаб низ интизори ҳамин занги телефон будаму қариб, ки ноумедӣ маро пурра фурӯ мебурд.

- Номи ман Ғолиб, метавонем суҳбат кунем? - аз муносибати ман тағйири овоз карда, суханашро мадд дода идома дод овоз.

- Хеле хуб. Истед, ки Шуморо бо чӣ харидан мумкин? Шояд аҳромҳои Мисрро арзандаед? Ва ё Манораи Эйфелро аз Париж бароятон медиҳанд? Ё шояд, ки шарики тиҷоратии ширкати "adidas" ҳастед?  Не, фаҳмидам, пеши поятон «Хазонаи Амударё»-ро мерезанд- а?
- Ман як пешниҳод доштам...- забон хоид овоз.

- Э не? Ман кайҳо боз ҳаминро интизор будам. Он қадар интизор будам, ки мондан гиред. Худи сиву се сол, мефаҳмед, сиву се!!! СИВУ СЕ! Қариб буд, ки ноумед  шавам. Гӯш кунед, давоми гапро гӯш кунед, -  лаҷоми суханро ба ҳарду даст маҳкам гирифта гирди панҷаҳоям ду давра тоб додам, ки дигар ҳатто Рустами дос-тон низ сад зӯр занад, кушода наметавонист.

 -Хӯш, ки бошад, барои мисол маро ду тини пучак намехаранд.  Танҳо дар тӯли  ин сиву се сол як гурба туҳфа гирифтаам. Туҳфаи чӣ - дарди сар. Бурда партоям гӯям, дилам месӯзад, напартоям, аз бӯи ифлоскориҳои пинҳониаш чашмонам. Не, ман ҳам камбағал не. Аз худораҳматии модарам як мошинаи ҷомашӯии "Киргизия" низ ба мерос дорам. Тамом. Ана ҳама дороии ман. Э не, дурӯғ гуфтам, ба ғайри ин ман 120 ҳазор дар Спитаменбонк ва 240 ҳазор дар Бонки байналмилалӣ,- забон хоидам ман, -  «бойигарӣ» дорам.

- Нафаҳмидам, - омад овоз.

- Чиро нафаҳмидед? - Магар қарз «бойигарӣ» нест? Охир шумо ба ман пешниҳод карда истодаед- ку. Барои ҳамин аз рӯзи аввал байни мо бояд ягон чиз пинҳон намонад. Барои пешниҳод кардан одам омода мешавад. Ин кори саҳл не. Бовар  дорам, ки солҳо боз омодагӣ дидаед. Ин кор бе сармоя намешавад, бе дороӣ намешавад. Шояд шумо хоҷагии деҳқонӣ доред ва он аз 5 ҳазор гектар зиёд аст.

 Ман бовар дорам, ки шумо одами дурандеш  ҳастед ва болои ин қонунро хуб медонед ва аз он хуб истифода ҳам карда метавонед. Барои он ки ба мардум  заминро ҳамчун саҳм тақсим накунед, бо кумаки дӯстонатон дар "боло" хоҷагии деҳқониятонро ҳарчанд ягон кило тухмӣ истеҳсол намекунед, ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ аз қайд гузаронидаед. А, фаҳмидам, шумо сармоягузори "Бурҷ-ул-халиф" дар Дубай ҳастед.

 Овоз пурра ба андеша фурӯ рафта буд. Ҳатто садои забон хоидану шарақ-шарақ ба ҷунбиш омадани мағзи сараш ва ҷустани ҷавоби мувофиқ шунида мешуд. Аммо ягон ҷавобе наметавонист бигӯяд. 

Лаҷоми суҳбат дар дасти ман буд-ку! Онро тарафи дигар тофтам. 

- Ман аз шавҳари якумам як духтар дорам, шукри Худо, имсол синфи як меравад. Ба ӯ падар лозим, ки сару либос харад, лавозимоти хониш. Ҳа, гуфтагӣ барин, мо мактаби хусусии равияи англисиро интихоб кардем, ки маблағи моҳонааш 200 доллар аст. Хайр бо ин ҳама дороӣ барои шумо мушкил нест-ку?! 

Ҳа, аз шавҳари дуюмам писару духтар дорам, ки ҳарду дар боғчаи хусусӣ тарбия мегиранд. Маблағи моҳонаашон зиёд не, барои ҳарду 150 доллар. 

Фарзанди ояндаамонро, агар писар шавад, Толиб ном мемонем, ба равиши номи шумо. Агар духтар шавад, Салима ба равиши номи ман - Ҳалимаву Салима, майлаш-мӣ?

 Аз тиреза субҳ тулӯъ мекард.

Садо як оҳи бадард кашиду гуфт:

- Ман аз ширкати мобилӣ, тарофаи навро муаррифӣ карданӣ будам...

- Ҳааа, боз ман хаёл кардам, ки зангирӣ? - гуфтаму бо эҳсоси ғолибияти том нисбати кормандони шилқини ширкатҳои мобилӣ бо як хез задан аз ҷо хестаму рафтам қаҳванӯшӣ.

Абӯбакр Файзализода

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода