Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Дар Тоҷикистон дӯстон зиндагӣ мекунанд


Дар Тоҷикистон дӯстон зиндагӣ мекунанд




Мегӯянд, ки академик Ғафуров аз ҷумлаи он роҳбарони республикаҳои иттифоқӣ буд, ки аз эҳтироми хоси Сталин бархӯрдор буд. Соли 1948 яке аз афсарони калони КГБ-и СССР ба академик чунин гуфта буд: «Шумо шояд бо бахши тоҷикистонии КГБ робитаи зич надоред, зеро низоми муборизаи шумо бар зидди душманони халқ дар онҷо комилан ба роҳ монда нашудааст. То ҳол рӯйхати душманони мардуми Тоҷикистонро мо нагирифтаем».

Бобоҷон Ғафуров чунин ҷавоб дод: «Дар Тоҷикистон танҳо дӯстон зиндагӣ мекунанд, мо душман надорем».

Вақте ки доҳии СССР даргузашт, дар съезд, ки дар бораи шахсиятпарастии Сталин сухан мерафт, Н.Хрушев аз Б. Ғафуров даъват кард, ки шахсиятпарастии Сталинро шадидан маҳкум кунад. Академик рад кард. Баъдан ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар рӯзномаи «Правда» дар бораи хатарҳои шахсиятпарастии Сталин дар Осиёи Марказӣ ва бахусус дар Тоҷикистон мақола навишта нашр кунад. Б. Ғафуров рад карда, чунин гуфт: «ду моҳ пеш дар газетаи «Правда» мақолае чоп карда будам, ки баръакс даъво мекардам»...

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода