Микроавтобус
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Мусоҳибаи мо, Боздид 307
Микроавтобус задаву кӯфта соати шаши саҳар суръат мегирифт. Мусофирон медонистанд, ки ҳоло ду соат роҳ то манзил бояд рафт ва кӯшиш мекарданд, то пинак рафта, фурсати аздастдодаи хоби ширини субҳро ҷуброн кунанд.
Яке сарашро ба пуштсарӣ такя дода, дигарӣ сарашро ба китфи дугонааш гузошта, сеюмӣ чашмони аз хоб сернакардаашро нимпӯш карда, хобро дудаста кашола мекарданд, ки ба чашмонашон биёяд.
Дар истгоҳи навбатӣ ҷавони болобаланду аз зиндагӣ қаноатманд, бардаму худписанд қадам зада вориди нақлиёт шуд.
- Ҳммм, барои мо чӣ, ягон ҷойи муносиб нест -мӣ, - гуфта хоби ҳамагиро баякбор паронда, нигоҳҳои норозиёнаи мусофиронро ба рӯяш дӯхт. Нигоҳҳои эътирозомези мусофирон ҳатто пинаки ҷавони мағрурро вайрон накард.
-Хай, ҳиҷ гап не, дар истгоҳи навбатӣ ягонтаатон мефуроед-а?! - хитоб кард ба нафарони дар курсиҳои пеш нишаста.
Ҷавобе ба ғайри нигоҳҳои норозиёна нагирифт.
Ҷавон ноилоҷ рафта дар курсии охири холии нақлиёт, дар паҳлӯи зани миёнасоли хушсурату олуфта, ки андомаш аз муаллима буданаш гувоҳӣ медод, нишасту телефонашро баровард.
- Ало, Нур, телефони Гулнораро надорӣ, - тамоми овозашро сар дода баланд хандид.
- Медонӣ, чӣ хел вай ба ман маъқул?! Ҳафтаи гузашта чунон зӯр шиштееем. Боварат намеояд.
Вай корҳое мекунад, корҳое мекунад!!! Ман дар умрам ин хел хонум надоштам. Ту дӯсти ҳақиқии ман ҳастӣ. Раҳмат, ки моро шинос кардӣ.
Ҷавон он қадар кафки даҳон парронда муносибати маҳрамонаашро бо духтар бепардаву беибо ба нақл даромад, ки нақлиёт гӯё зинда шуд. Ҳатто ронанда ҳам дигар як чашм ба роҳу як чашм ба оина моту мабҳут нақли ҷавонро гӯш мекард.
Ҳатто нафароне, ки талош мекарданд, то давоми хобҳои маҷбуран батаъхирафтодаашонро бубинанд, ҳушу гӯш шуда будаанд.
Муаллима, аз шарм мисли лаблабу гашта буд. Гӯё ҳамин муаллима бо ҳамин ҷавон мулоқоти маҳрамона дошта буд. Ҳама, ки дуздида- дуздида ба қафо, ба ҷавон нигаристанӣ мешуданд, ғайриихтиёр нигоҳашон ба чашмони муаллима бармехӯрд , ки ин вазъияти муаллимаро боз ҳам ногувотар мекард.
Муаллима ду бор ба маънои худат танҳо нестӣ, ин ҷо мо ҳам ҳастем» сахт сулфид. Аммо ба ҷавон корае накард. Муаллима аз шарм рӯяшро бо пардаи тиреза пӯшонида, ноилоҷ ба берун менигарист.
- Тезтар бош, шумораи телефонашро ба ман те. Аҳа, аҳа, аҳа, шуд, раҳмат, ман қарздор, ман қарздор, - гуфта, ҷавон аз нав рақамҳоро чинд.
- Ало, ҷонакам, чӣ хел шумо? Он қадар шуморо ёд кардам кӣ. Медонед, он шабро тамоман фаромӯш карда наметавонам. Чӣ, ту боз беҳтар метавонӣ? Наход? Мемурам дар ту!- беибою бепарда ба сухан оғоз кард.
Як қоши муаллима болову як қошаш поён шуда, аз шарм рӯяшро пушти пардаи тиреза гирифт.
- Канӣ, нақл кун, боз чӣ метавонӣ? Оҳ, оҳ оҳ!
Кай вомехӯрем? Исто, исто, ҷонакам, ман бояд ба телефон ҷавоб диҳам, як лаҳза, ҷонакам, як лаҳза, дур нарав,- гуфта намуди зоҳириашро тағйир дода, занги дигарро қабул кард ҷавон.
- Лаббай, занак. Не, имрӯз не, фардо меоям, корам зиёд шуд. Ту сардори моро медонӣ - ку, якрӯза ба сафари хидматӣ мефиристаду баъд сад кори дигарро ба гарданат бор мекунад. Ҳа, хӯрдам, доруҳоро хӯрдам, бахудо хӯрдам, хавотир нашав. Ҷоям гарм.
Ҳамин замон ғайриинтизор муаллима даҳонашро ба гӯшии телефони ҷавон наздик оварда, бо овози маҳину нозук:
- Ҷонакам, дар ин субҳи барвақт кист, ки роҳати моро халалдор мекунад? Маро ба оғӯш бигир, ман хунук хӯрдам -гуфт.
Ронанда баякбор тормозро пахш кард. Мардуми то ин замон ба суҳбати ҷавон гӯшу ҳуш садои хандаро ба осмон бардоштанд.
Аммо ҷавони ҳавобаланди булҳавас, ки чунин ранг гирифтани корро тамоман интизор набуд, наметавонист ҳатто манаҳи аз ҳайрат ба поён афтида шахшудаашро бардорад...
Абубакр Файзализода
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...