Чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадоронро дар Бохтар пешвоз гирифтанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 329
Имрӯз, 12 ноябри соли равон дар майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар Қаҳрамони ҷаҳон аз руи намуди гуштини ҷудо миёни собиқадорон Набимуҳаммад Хоркашевро раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, варзишгарон, мухлисон, сокинону меҳмонон, ҳаводорони варзиш ва дигарон истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин, ба ӯ Сипономаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва туҳфаҳо супорида шуд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода сухананронӣ намуда, Набимуҳаммад Хоркашевро барои ба даст овардани ин дастовард аз номи мардуми шарафманди вилоят муборакбод намуданд.
Раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода зимни баромади худ ин дастовардро ба кулли ҳаводорони варзиши вилояти Хатлон ва махсусан, шаҳри Бохтар табрик намуда, иброз дошт, ки дар арсаи байналмилалӣ бори дигар парафшон шудани Парчами миллӣ ва садо додани Суруди миллӣ ин нишонаи ҳувияти миллӣ ва садоқати варзишгарон ба ватану меҳан мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Набимуҳаммад Хоркашев дар Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, соҳиби мақоми аввал шуд.
Набимуҳаммад Хоркашев дар ин мусобиқа бар чор ҳариф - се варзишгар аз Қазоқистон ва як варзишгар аз Ӯзбекистонро шикаст дод ва чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон гардид.
Дар ин мусобиқа 1011 варзишгар аз 68 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 21 паҳлавон байни мардон намояндагӣ намуданд.
Н. Саидаброр,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...