Мизоҷ ҳамеша ҳақ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 279
Ба муҳоҷират рафтам. Коре набуд, ки накунам. Дар ҳама ҷо як мушкилӣ-муҳоҷирон одамони сорти дуюм. Дар ҳама ҷо чунин муносибати сард ба мардуми муҳоҷир. Билохира, бо тавсияву дастгирии писарамакам, ки беш аз 10 сол дар Маскав асту 10 сол боз дар такси кор мекунад, ман ҳам ронандаи таксӣ шудам. Мошини наппа-нав, кори осон, хоҳӣ, кор мекунӣ, нахоҳӣ, не. Пули нақшаи якрӯза-1500 рубл месупорӣ, ҷонат халос...
...Дер шуда буд, соатҳои қариб 11-и шаб мизоҷи навбатиро фароварда хона равона будам, ки оператор фармоиши навбатиро партофт, ки ба ман наздиктар буд ва ҳам ҷои мерафтаи мизоҷ назди хонаи ман.
Фармоишро қабул кардам. Ба ҷои таъиншуда расида, ба мизоҷ занг задам. Зане аз дорухона баромада ба мошин нишаст. Суроғаро ногуфта ман равона шудам. Ӯ суроғаро дақиқ кард, ман суръатро афзудам. Ними шаб шуда буд охир ва ман ҳам лакот. Ба манзили мизоҷ расидам. Барнома рақами 98 рублро нишон дод. Мизоҷ як 5 ҳазор рублӣ баровард. Ман 4900 баргардонидам.
- 2 рубли дигар, - норозигӣ кард мизоҷ.
- Пули майда надорам, - гуфтаму зарар шавад ҳам, як 10 рублиро бароварда дароз кардам.
-Ба ман ҳаққи бегона лозим нест, ба ман пули худамро диҳед, - бо асабоният изҳор кард мизоҷ.
- Охир майда надорам.
- Дорӣ, надорӣ, мушкилии туст, мизоҷ ҳамеша ҳақ аст, - гуфту рӯяшро гардонид мизоҷ.
Ноилоҷ муддати ним соат тамоми мағозаву тарабхонаҳои шабонарӯзиро гашта ниҳоят майда пайдо карда, мизоҷро ба хонааш бурда фаровардаму гӯшҳоям аз зуқ-зуқаш раҳиданд.
Саҳар роҳбар маро бо чеҳраи пурчин пешвоз гирифт. Хеле сарзаниш кард, ки ба мизоҷон дуруст хизмат расонида наметавонам.
Айни маълум, ки ҳамон зан шикоят кардааст.
- Аз рӯи мантиқ биандешем, мизоҷ ҳамеша ҳақ аст. Мизоҷ мизоҷ асту мо хизматрасон. Ҳақ дорад, ки шикоят бикунад, - худ ба худ меандешидам.
-Чӣ гап, боз ҳамон б..а аз дорухона шикоят кардааст? Боз 5 ҳазора дароз кард? - даст ба китфам монда пурсид ҳамкорам Паша.
Бо аломати тасдиқ сар ҷунбонидам.
- Вай лаънатӣ одат кардааст. Як 5-ҳазора дорад, ки доим дароз мекунад ва касе майда надорад ва ӯ бепул то хонааш меравад. Лёша, Кирилл, Артём аллакай медонанд ва барои ҳамин баъди соати 11 фармоишро аз минтақаи ҳамин дорухона қабул намекунанд.
- Оҳ! Ёфтам!, - гуфтани ман сигори даҳони Пашаро 3-4 метр паронд. Чашмонаш калон кушода шуда суоломез сӯям менигаристанд.
- Ман як фикр дорам, як андешаи ҷолиб ба сарам омад, - мисле, ки рақибамро бо накдаун аз ринг берун карда бошам, ду дастамро боло бардошта шодӣ кардам ман.
- Эҳтиёт шав, вай бисёр зани шаттоҳ аст!- садо омад аз пуштам.
- Мебинем, мебинем,- гуфта ба мошинам, ки аллакай муоинаи техникиро гузашта буд, нишастам.
Субҳи дигар кори ман аз ҳамин дорухона сар шуд.
Ман як доруи аналгини 13 рублу 17 тина гирифтаму як 5 ҳазор рублӣ додам.
Ба эроди фурӯшанда эътибор надода "Мизоҷ ҳамеша ҳақ аст, 4986 рублу 83 тин бақия диҳед ва ё сардоратонро даъват кунед" гуфтам. Ба пешниҳоди бепул гирифтани дору умуман розӣ намешудам.
Бечора фурӯшанда даҳ дӯкони ҳамшафатро гашта дар соати 8-и субҳ пули майда мекофту ман барқасдона борони норозигӣ ба сараш мерехтам.
Субҳи дигар боз омадам. Як ҳазор рублӣ дароз карда як ситрамон бо арзиши 6 рублу 43 тин пурсидам. Чашмони фурӯшанда мисли чашмони меши ҳангоми забҳ кушода шуданд.
- Мизоҷ ҳамеша ҳақ аст!- заҳрханда кардам ман. Ноилоҷ 993 рублу 57 тин пайдо кард фурӯшанда.
Ҳамин тавр, як ҳафта гоҳе нимрӯзӣ, гоҳе шому гоҳе аср пули 5-ҳазора ва гоҳе пули 1000-рублӣ дароз мекардаму "мизоҷ ҳамеша ҳақ аст" мегуфтам. Фурӯшанда бошад, дандон ба дандон монда тоқат мекарду пули майда меҷуст...
Баъди як ҳафта ба доруфурӯш дилам сӯхту дигар нарафтам.
Ҳатто фаромӯш кардам. Оператор дар чати гурӯҳӣ паёмаки овозӣ партофт: Хиёбони Ярославл, 19 назди дорухона. Кӣ мегирад?
- Ман мегирам, - шодикунон гуфтам ман!
- Ҳама яку якбора хандиданду то дергоҳ маро мазоҳ карданд. Дарҳол фармоишро қабул карда "аспро чорхез мондам".
Абубакр ФАЙЗАЛИЗОДА
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00