Истиқлол ва худшиносии миллии ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 334
Озодӣ, якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ дар тӯли мавҷудияти башарият ҷавҳар, муқаддасот ва арзишоти беҳтарине мебошад, ки Худои азза ва ҷалла ба инсон додааст. Аз рӯзе, ки инсон худро ҳамчун мавҷуди бошуур шинохт, ба озодӣ ва истиқлолият арҷ гузошт. Халқи тоҷик табиатан озодидӯст, тамаддунофар, ваҳдатпараст, таҳаммулпазир, сулҳпарвар, фарҳангдӯст, бунёдкору созанда ва башардӯст мебошанд.
Миллати мо, ки зотан миллати сарбаланд, вораставу соҳибтамаддун аст, дар умқи таърих бар асари найрангу ноҷавонмардии ғозибон заҳри хориву залилӣ ва маҳрумият аз давлатдориро бисёр чашида, аз гузаштаи пурфоҷиаву нангин сабақ андӯхтаанд, бояд дар ҳар қатраи хуни мардуми мо ҳисси баланди истиқлолхоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси истиқлол ҳамеша ҷӯш бизанад. Ва истиқлолро чун омили аввалиндараҷаи ҳастӣ, шарафу номус ва имону виҷдони инсонии худ ҳифз намоем. Сарвари давлатамон моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан ифода намудаанд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».
Имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани моҳияти онҳо мебошад.
Барои пешгирии ин равандҳо дар байни ҷавонон ва ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ матраҳ сохтани масоили иҷтимоист. Насли ҷавон бояд пайваста ҳушдор бошад ва фаромӯш насозад, ки неруҳое, ки инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар менамоянд, ҳавасмандии инсонҳоро аз моҳияти аслиашон бегона сохтан буда, муқобили ҳисси худшиносии миллии наслҳоянд. Ҳол он ки дар шароити феълӣ масъалаи таҳкими Истиқлоли давлатӣ тавассути ваҳдат ва ташаккули худшиносии миллӣ, дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва динӣ барои ҷавонони мо чун обу ҳаво зарур аст. Ҷавонон бояд огоҳ бошанд ва хуб донанд, ки халқи тоҷик соҳиби таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ҷаҳоншумул буд.
Имрӯз бояд дар ҳар қатра хуни мо, алалхусус ҷавонон ҳисси баланди истиқлолхоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси истиқлол ҳамеша ҷӯш бизанад ва истиқлолро бояд чун омили аввалиндараҷаи ҳастӣ, шарафу номус ва имону виҷдони инсонии худ ҳифз намоем.
Комрони Бахтиёр ,
сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...