ИСТИҚЛОЛ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 386
Эй дамида субҳи Истиқлолро,
Во магир аз дӯши мо ин болро.
Ин саодат, ин муҳаббат, ин баҳор,
Ин нишот, ин бахт, ин иқболро.
Ёд меоранд мардони ватан
Рустаму Исфандёру Золро.
Ҷуз Ватан ҳарфе надорам дар лабам,
Ман надорам дӯст қилу қолро.
Дар нигоҳи ошиқонат дидаам
Ваљдрову шӯрову ҳолро.
Аз тулуи офтоби меҳанам
Ман бигирам беҳтарин як фолро.
Партаваш оинадорӣ мекунад,
Рӯзгори нағзи беамсолро.
Кирдгоро, меҳрабони хосу ом,
Эй ки осон мекунӣ ишколро,
Гар дуое мекунем аз рӯи сидқ
Во бикун дарҳои истиқболро:
Барфизо бар умри истиқлоли мо
Садҳазорон рӯзу моҳу солро.
Озар САЛИМИЁН
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00