Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ғолибони даври вилоятӣ муайян шуданд


Ғолибони даври вилоятӣ муайян шуданд



Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии даври ниҳоии марҳилаи вилоятии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои кӯдакон ва наврасони 12 ва 13-солаи (U-12, U-13) минтақаи Бохтар баргузор гардиданд.

Дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои кӯдакони то 12-сола мақоми аввалро “МДМВ 1”-и Бохтар соҳиб шуд. Мақоми дуюмро дастаи “МДМВ”-и ноҳияи Панҷ ва дастаи “МДМВ”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ бошад, соҳиби зинаи сеюм гардиданд.

Дастаи “МДМВ”-и А. Ҷомӣ дар Чемпионати Тоҷикистон айни дастаҳои кӯдакон ва наврасони то 13-сола зинаи аввалро ишғол намуд. Мақоми дуюм ва сеюмро дастаҳои “МДМВ”-и Ҷ. Балхӣ ва дастаи “МДМВ 1”-и Бохтар соҳиб гаштанд.

Дар фарҷом, дастаҳои ғолиб бо Ҷом ва медалҳои чемпионат қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, кӯдакон ва наврасоне, ки дар даври ниҳоии мавсими имсолаи чемпионат хуб ҳунарнамоӣ доштанд, аз тарафи Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ф. ДАВЛАТАЛӢ ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода