Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 10 варзишгари муваффақ


10 варзишгари муваффақ




Варзишгарони тоҷик натанҳо пешбарандаи соҳаи варзиш, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо ҳастанд. Варзишгарони вилояти Хатлон бо иштирок намудан дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии дохил ва хориҷи кишвар тавонистанд 1227 медал ба даст оранд. Дар Рӯзи варзишгарон хонандагони рӯзномаи “Хатлон”-ро ба даҳ чеҳраи муваффақи варзишгари хатлонӣ шинос менамоем.

Набимуҳаммад Хоркашев 18 апрели соли 1987 дар шаҳри Бохтар таваллуд шудааст. Ӯ аз хурдӣ пайравӣ аз падараш карда (ҳамчунин паҳлавони номдор) ба гӯштингирӣ дилбастагӣ дошт. Дар 11-солагӣ ба толорҳои варзишӣ рафта, дар бахшҳои самбо машғул шуд. Дере нагузашта чемпиони шаҳриву ҷумҳуриявӣ гардид. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба самбо низ ширкат варзида, борҳо ғолибият ба даст овард. 

Чемпиони 10-каратаи Тоҷикистон, қаҳрамони 8-каратаи Осиё, ғолиби чемпионатҳои ҷаҳон (2008, 2009, 2010, 2015), Устоди хизматнишондодаи варзиш (Устоди шоистаи Варзиш) ва Устоди варзиши байналхалқӣ оид ба самбо гардидааст.


Алиҷон Ҳусейнов соли 1981 дар шаҳри Левакант чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳанӯз аз хурдсолӣ муҳаббати варзиш дар замираш афзун гардида, бо машқу тамринҳои зиёд соли 1990 дар мусобиқаҳои шаҳрию ноҳиявӣ аз рӯи намуди гӯштини ҷудо баромад намуд ва мақоми аввалро соҳиб гардидааст. 

Ин ғолибият Алиҷонро ба суйи фатҳи қуллаҳои мақсуд бурд. Бо гузашти вақт дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуда, дастболо мешуд. Ӯ чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самбо байни устодони варзиш эътироф шудааст. 


Мавзуна Чориева, 1 октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Чемпиони ҳафткарата дар риштаи бокс миёни занон мебошад. Бозиҳои олимпии соли 2012, ки дар он 70 давлати дунё ширкат варзиданд, аз Тоҷикистон 305 варзишгар иштирок доштанд. Дар таърихи кишвари мо миёни боксчиёни зан аввалин бону- Мавзуна Чориева буд, ки аз бозиҳои олимпӣ ба Тоҷикистон медал овард. 

Ӯ дар зиёда аз 300 мусобиқаи муштзанӣ иштирок карда, ҳамагӣ се бохт дорад. 

 Марат Идрисов аз соли 1982 варзишро шуғли доимии хеш қарор дода, аввал аз рӯи намуди ҷудо, баъдан дастхобонию вазнбардорӣ тамрин намудааст. Чемпиони бисткарата Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду карат чемпиони Осиё, довари дараҷаи байналмилалӣ ва устоди дараҷаи байналмилалӣ гардидааст. Марат Идрисов шогирдони зиёдеро дар риштаи варзиш ба камол расонидааст. Ҳоло дар мактаби варзишии шаҳри Бохтар варзишгарони ояндаро тайёр мекунад, тамрин меомӯзонад. 

 Салмон Ҳафизов зодаи шаҳри Бохтар мебошад. Салмон аз хурдсолӣ дар толорҳои варзишии шаҳр машқу тамрин менамуд. Бори нахуст соли 2013, ки дар мусобиқаи шаҳрӣ доир гардид, Салмон аз рӯи намуди муай-тай иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гашт. Аз ҳамон лаҳза ба ин намуди варзиш ҷиддӣ машғул шуд. Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд баргузор гардид, аз рӯи ин намуди варзиш сабқат варзида, сазовори ҷойи аввал ва соҳиби камарбанд гардид. Дар мусобиқаҳои берун аз кишвар дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, ба ҷойи аввал баромад ва соҳиби камарбанд шуда. Ҳамчунин чемпиони Осиё оид ба муай-тай ва якҳарбаҳои шарқӣ мебошад.

 Анушервон Назарзода бо хоҳиши падар ба варзиш шуғл варзид. Анушервон баъди тамринҳои тӯлонӣ бори аввал дар мусобиқаи вилоятӣ, ки дар ноҳияи Вахш баргузор гардид, аз рӯи намуди варзиши самбо иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Соли 2023 дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки 30 давлати мусобиқаи байналмилалӣ барпо гардид. Анушервон низ иштирокчии он буд ва дар он мақоми аввалро соҳиб шуд. Ӯ аз соли 2021 то 2023 дар мусобиқаҳо иштирок намуда, 4 карат чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. 

Қобилҷони Сафаралӣ овони хурдсолӣ орзуи варзишгар шуданро дар замираш мепарварид. Ҳамин буд, ки дар баробари таҳсил дар мактаб ба тамрин машғул шуд. Бо пешниҳоди мураббиёни варзиш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи гӯштини тарзи озод иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал шуд. Аз ҳамон лаҳзаҳо дар пеши худ мақсад гузошт, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, байрақи Тоҷикистони азизро боло мебардорад. Қобилҷон соли 2013 дар мусобиқаи шаҳри Деҳлии давлати Ҳиндустон ширкат дошт, соҳиби ҷойи сеюм шуд. Баъдан дар мусобиқоти давлатҳои Россия, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон иштирок намуда, чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод гардидааст. 

Зиёдулло Баротов соли 2001 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дида ба олам кушодааст. 

Ӯ аз зумраи нафарони дорои имконияташон маҳдуд буда, аз рӯи намуди варзиши вазнбардорӣ ва дастхобонӣ машқу тамрин менамояд. Соли 2018 дар шаҳри Бохтар мусобиқаи дастхобонӣ миёни нафарони имконияташон маҳдуд баргузор шуд, Зиёдулло дар он иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. 

Худи ҳамон сол дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди вазнбардорӣ ва дастхобонӣ ширкати фаъолона намуда, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Солҳои 2019 -2022 дар мусобиқаҳои байналмиилалӣ дар Россия, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат варзида, беш аз 40 медали тилло ва биринҷӣ ба даст овардааст. Айни замон чемпиони Осиё оид ба дастхобонӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд мебошад. 

 Аюб Бозорзодаро падар варзишгар намуд, яъне аз хурдсолӣ падар дасташро гирифта, ба толорҳои варзишӣ барои тамрин намудан мебурд. Соли 2016 дар мусобиқаи шаҳри оид ба гӯштини тарзи озод дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, ҷойи сеюмро соҳиб гардид. Ҳамзамон дар мусобиқаҳои байналмилалии давлатҳои Россия ва Қазоқистон сабқат варзида сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуд. Соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки Аюб аз рӯи гӯштини тарзи озод дар вазни 57 килограмм сазовори ҷои якум ва чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.

Анисамо Сатторова дар мусобиқаҳо оид ба бокс миёни наврасон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида 18 медали тилло ва нуқра ба даст овардааст. Дар мусобиқаҳои шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Душанбе байни наврасон оид ба бокс низ ғолибият ба даст оварда, сазовори ҷойи якум гардид. Соли 2023 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокс, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбекистон миёни наврасон баргузор шуд, ҷои якум ва соҳиби унвони чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. 

Варзишгарони тоҷик бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани Парчами Тоҷикистони азиз талош менамоянд.

Абдулло РИОЕВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода