Қаллобии вобаста ба фиристодан ба ҳаҷ ошкор шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 366
Сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Вай ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ба ду нафар ваъда додааст, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ӯ моҳи
январи соли ҷорӣ ба боварии сокини 27-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ мегирад ва ваъда медиҳад, ки падару модари ӯро ба ҳаҷҷи фарзӣ мефиристад, лекин ваъдаашро иҷро намекунад.
Моҳи июни соли равон ӯ бо ҳамин тарз ба боварии марди 67-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ бо ваъдаи мусоидат барои ба
ҳаҷҷи фарзӣ фиристодан 70 ҳазор сомонӣ мегирад, вале боз ҳам ба ваъдааш вафо намекунад. Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Қобили зикр аст, ки имсол Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ буд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...