Ифротгароӣ – асоси бенизомии ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 354
Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хатари ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар замони муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани дини мубини Ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба номи дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”.
Мавриди зикр аст, ки яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад.
Албатта, терроризм ва экстремизм бавуҷудоварандаи фазои хавф ва тарсу ҳарос мебошанд. Бешубҳа, дар ҷомеа кӯдакон, наврасон, ҷавонон, пирон - намояндагони синну соли гуногун фаъолият ва кору зиндагӣ доранд. Ба ҳар кадоме аз инҳо ба шаклҳои мухталиф таъсири манфӣ расонида мешавад. Яъне, ифротгароён барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҳар роҳу восита зарари хешро мерасонанд. Набояд фаромӯш кард, ки терроризм ва экстремизм ба ҳеҷ кас раҳм надорад. Муқаддасотро намешиносад ва эътироф намекунад.
Пайдост, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бештар ҷавононро, ки неруи тавонои ҳар як давлату миллати соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд, ба доми худ меандозанд. Қисмати зиёди ҷавонони гумроҳ аз мақсадҳои нопоки онҳо ғофил гардида, гумонҳои хом мекунанд, ки маблағҳои муфт ба даст оварда, дар роҳи ҳақ шаҳид мегарданд. Онҳо худро муборизони ислом меҳисобанд, бехабар аз он ки хоҷаҳои хориҷии онҳо бо истифода аз номи ислом мехоҳанд оромиву субот, истиқлолият ва сохти конститутсионии кишвари азизамонро халалдор созанд.
Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд ба қадри сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва истиқлолияти пойдори кишварамон расанд.
Бояд зикр намуд, ки танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Ҳамчун неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз мо бояд бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб нигоҳ дорем, ҳамчун неруи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мубориза барем.
Суҳроб РАҶАБЗОДА,
Садриддин НАҶМИДДИНЗОДА,
Ҳабибулло САЙДАЛИЗОДА,
судяҳои Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...