Мактаби мардонагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 452
Марзбон нафарест, ки барои ҳифзи сулҳу субот кишвар, оромию осоиштагӣ ва хати нангу номуси давлату миллат синаи худро аз тири душмани манфур сипар мекунад. Маҳз марз ором аст,ки дар кишвар рушду пешрафт ва тараққиёту навгониҳои пайдарпай ба вуқуъ мепайвандад.
Ёдовар мегардем, ки аз 28-уми майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 28-уми май ҳамчун Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон, моддаи 7-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад". Ин аст, ки марзро фарзандони ҷасуру далер ва боэътимоди ватан ҳимоя мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ба маврид таъкид кардаанд, ки "Имрӯз барои пешбурди ҳадафу вазифаҳои дар назди ҷузъу томҳои марзбони Тоҷикистон гузошташуда асосҳои муосири ҳуқуқӣ низ фароҳам оварда шудаанд ва онҳо ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодиро бо эътимоди қавӣ ва масъулияти баланди ватандорӣ таъмин карда истодаанд".
Марзи Ватан яке аз муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи мустақилияти давлат мебошад. Ҳимояи он қарзи конститутсионии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ба ин хотир, ҷавонони бо нангу номуси давлату миллат баҳри ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат баста, шабонарӯз хати марзро назораву ҳимоя намуда истодаанд. Ин аст, ки номи фарзандони шаҳидгашта,ки дар ҳимояи марзи Ватан сина сипар кардаву ҷони худро қурбон намудаанд, абадан дар таърихи миллат сабт гардидааст. Инчунин, номи муассисаҳои таълимӣ ва деҳаҳо ба номи онҳо гузошта шуда, ҳамеша аз онҳо бо некӣ ёд карда мешавад.
Ҷамшед Маҳмадризозода,
муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...