Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ФАКТҲОИ ҶОЛИБИ ОИЛАДОРӢ


ФАКТҲОИ ҶОЛИБИ ОИЛАДОРӢ



Бонуфузтарин оила 

Дар штати Мизорами Ҳиндустон оилае зиндагонӣ мекунад, ки калонтарин дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст.

Сарвари хонадон падар-Зиана Чара соҳиби 94 фарзанд мебошад, ки ин дороиро ба ӯ 39 ҳамсараш “туҳфа” намудаанд. Аҷибаш ин ки ҳамаи аъзои оила дар як хона зиндагонӣ мекунанд. Хонаи онҳо бинои 4-ошёнае мебошад, ки аз сад ҳуҷра иборат аст.

Оилаҳои муваффақ

Сергей ва Мария Соколовҳо оилае мебошанд, ки муддати 68 сол бо ҳам зиндагонӣ кардаанд. Соколов ягона Маршали Иттифоқи шӯравист, ки ба садсолагӣ расида буд. Ӯ аз афсари қаторӣ то ба дараҷаи Маршал расида, 78 соли умри хешро ба хизмати ҳарбӣ бахшидааст. Ва дар ин муваффақияти бардавоми ӯ ҳамсараш Мария Соколова таъсиргузор аст. Аз рӯзҳои аввали оиладорӣ Мария Самойловна назди худ қарор гузошта буд, ки дар ҳама ҳолат ҳамеша ҳамроҳи шавҳар хоҳад буд, новобаста аз душвориву ҷудоиҳои пешаи ӯ. Ва ҳамин тавр содиқ ҳам монд.

Пас аз 68 соли оиладории муваффақ ӯ дар синни 91-солагӣ аз олам гузашт ва ду рӯз баъд, 31 августи соли 1912 Маршал Соколов низ аз дунё чашм пӯшид.

Муваффақтар ин ҷуфт дар китоби “Гиннес”

Моҳи августи соли 2020 намояндагони китоби Рекордҳои Гиннес  Хумо Мора Тапия ва Валдрамине Кинтеросро ба рӯйхати дарозумртарин ҷуфтҳои ҷаҳон дохил намуданд. Ҷаноби Тапия айни ҳол 113 сол дошта, ҳамсари ӯ 105-сола аст.

Рекордсменҳо 7 феврали соли 1941 оиладор шуда, то ҳол якҷоя умр ба сар мебаранд. Ҳардуи аъзои оила омӯзгорони муваффақанд, ки айни ҳол дар нафақа қарор доранд.

Новобаста аз синну сол ин ҷуфт ҳоло ҳам бардаму солим буда, аз вазъи саломатии худ шикояте надоранд ва сабаби инро дар рӯҳу равони солими худ медонанд, ки ҳаёти муваффақи  якҷояашон бар он асар гузоштааст.

70 сол бо ҳам ...

Карам ва Катари оилаеанд, ки 70 сол бо ҳам якҷоя умр ба сар бурдаанд. Ин ҷуфти муваффақ, ки сокини кишвари Ҳиндустонанд, дарозумртарин дар ҷаҳон эътироф шудаанд.

Соли 2015 ин оила 70-солагии ҳаёти якҷояашонро ҷашн гирифтанд ва соле пас Катарияи 103-сола танҳо монд. Зеро Карам Ҷанди 110-сола аз олам даргузашт.

Карам ва Катари аз ҳаёти якҷоя соҳиби 8 фарзанд, 27 набера ва 23 абера мебошанд. Фарзанди хурдии онҳо Пол мегӯяд, ки падару модараш дар ҳамдигарфаҳмии комил 70 сол умр ба сар бурдаанд ва ӯ аз ин муваффақияти онҳо ифтихор мекунад.

Райҳона РАҲМАТОВА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода