Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Далелҳои ҷолиб дар бораи Рӯзи Ғалаба


Далелҳои ҷолиб дар бораи Рӯзи Ғалаба



Имрӯз Рӯзи ғалаба ба яке аз идҳои асосӣ ва дӯстдоштаи мардум табдил ёфтааст. Дар ин рӯз, 9 май, рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдоварӣ шуда, ба қаҳрамонони арсаи набард эҳтиром гузошта мешавад.

1. Бисёриҳо Рӯзи Ғалабаро, ки 9 май таҷлил мешавад, бо рӯзи ишғоли Берлин омехта мекунанд, аммо ин санаҳо ва рӯйдодҳои гуногунанд. Пойтахти Рейхи сеюмро сарбозони шӯравӣ 2 май, баъди муҳорибаҳои сахт бо қӯшунҳои гитлерӣ ишғол карданд. Аммо қариб як ҳафта таслимшавӣ идома кард.

2. Ҳамасола дар Майдони Сурхи Москва 9 май парадҳои Рӯзи Ғалаба баргузор мешаванд. Аввалин парад 24 июни соли 1945 барпо гардид.

3. Дар кишварҳои Аврупо Рӯзи Ғалаба на 9 май, балки 8 май ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳама ҷо онро рӯзи истироҳат эълон мекунанд. Дар ин рӯз аврупоиҳо ба сари қабри сарбозони фавтида гулчанбар гузошта, гузаштагони худро, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ қурбон шуданд, ёд мекунанд.

4. Дар Рӯзи Ғалаба анъана шудааст, ки ба собиқадорон гулҳои сурх супоранд. Чунин ақида вуҷуд дорад, ки ғалаба бо хуни рехтаи аскарони кушташуда ва ҳамзамон б
мардонагӣ ва ҷасорати Артиши Шӯравӣ ба даст омадааст.

5. Соли 1995 ба ифтихори 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар майдони Манежнаяи шаҳри Москва муҷассамаи маршал Жуков гузошта шуд.

6. Дар тӯли 20 сол Рӯзи Ғалаба ид ҳисобида намешуд. Дар соли 1948 роҳбарони давлат изҳор карданд, ки ҷангро фаромӯш ва ба барқарор намудани мамлакат машғул шудан лозим аст. Танҳо дар соли 1965, баъд аз бист сол 9 май дубора ҳамчун ид бо гузашти паради ҳарбии бошукӯҳ таҷлил карда шуд.

7. Рамзи асосии Рӯзи Ғалаба парчамест, ки ҷанговарони шӯравӣ дар муҳорибаҳо барои Берлин дар болои Рейхстаг бардошта буданд. Ин ливо ягона парчамест, ки дар болои Берлин афрохта шудааст. Маҳз он байрақи Ғалаба буд.

8. Суруди «Турнаҳо», ки одатан дар Рӯзи Ғалаба иҷро мешавад, ба пайдоиши муҷассамае рабт дорад, ки соли 1963 дар як деҳаи Осетияи Шимолӣ ба ифтихори Тасо Газданова ва 7 писараш, ки дар фронти ҷангӣ кушта шудаанд, гузошта шуда буд. Боре ин муҷассамаро шоир Расул Ғамзатов зиёрат карда, таърихи оилаи Газдановҳоро омӯхта, ба забони аварӣ эҷодиёти пуртаъсир офарид.

9. Рӯзи Ғалаба иди пирӯзии Армияи Сурх ва халқи шӯравӣ бар фашистони Германия дар солҳои 1941—1945 мебошад. Ин сана бо Қарори Президиуми Шурои Олии СССР муқаррар карда шудааст.

10. Дар Аврупо Рӯзи Ғалаба зери рамзи кӯкнори сурх баргузор мешавад. Ранги он рамзи хуни ҷанговаронеро ифода мекунад, ки дар майдонҳои ҷанг ҳалок гардидаанд.

11. Дар Лондон ҷойи анъанавии вохӯрии собиқадорон дар Рӯзи Ғалаба осорхонаи крейсери Белфаст мебошад. Ин яке аз он ҷойҳое мебошад, ки киштиҳои боқимонда, ки аз рӯйи «Ленд-лиз» дар кашондани борҳои барои СССР зарурӣ иштирок доштанд, ҷойгиранд.

12. Дар Италия таҷлили Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз 12 апрел оғоз мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз гурӯҳҳои махфии маҳаллии зиддифашистӣ барои озод кардани мамлакат амалиёт гузаронданд. Авҷи ин ҷашн ба 25 апрел рост меояд. Аз рӯйи анъана, мақомоти маҳаллӣ дар ин рӯз ҷашнвораҳо, намоишномаҳо ва консертҳо ташкил мекунанд.

13. Дар Рӯзи Ғалаба кишварҳои соҳили Балтика Рӯзи Аврупоро таҷлил мекунанд, ки аз ягонагии кишварҳои Аврупо дарак медиҳад. Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар он ҷо ҳам дар баробари Аврупои Ғарбӣ 8-уми май расман ҷашн гирифта мешавад.

14. Муҷассама ва ёдгориҳои Рӯзи Ғалаба муҷассамаҳои Сарбози номаълум ва Оташи абадиро дар бар мегиранд. 

15. Дар Рӯзи Ғалаба дар Вашингтон маросими ботантанаи гузоштани гулчанбар дар қабристони низомии Арлингтон дар лавҳаи ёдгории «Рӯҳи Элба», ки рамзи бародарии низомии неруҳои муттаҳид дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мебошад, баргузор мешавад.

16. Аввалин муҷассамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Ҳолливуди Ғарбӣ, ки як қисми Лос-Анҷелеси Бузург аст, кушода шуд. Ин ёдгорӣ дар Парки Плуммер гузошта шуда буд ва маросими тантанавӣ ба ифтихори ифтитоҳи он 8 майи соли 2005 баргузор шуд.

17. Дар соли 1970 бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба гиромидошти хотираи онҳое, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардидаанд, дар Москва чорабинии ғайриодӣ барпо гардид: ҳамаи чароғҳои светофор дар як вақт сурх шуда, дар ҳама ҷо дақиқаи сукут сурат гирифт.

18. Паради Рӯзи Ғалаба дар соли 2011 ҷолиб буд: дар он шумораи рекордии одамон иштирок карданд, ки 20 000 нафарро ташкил дод.

19. Тақрибан 1,8 миллион нафар дар солҳои ҶБВ дар асорат ҷон бохтанд ё ба хориҷ аз СССР ҳиҷрат карданд.

20. Дар маҷмуъ, дар фронт дар марҳилаҳои гуногуни набард аз 600 ҳазор то  як миллион зан иштирок кардааст. Дар ҶБВ ҳатто гурӯҳҳои алоҳидаи ҳарбии занона ташкил шуда буданд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода