Иди ғалаба муборак!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 545
Имрӯз дафтари хотироти Бобои Қаҳрамонро варақгардон намудему чанд ҳарферо чун муште аз хирвор рӯи авроқ овардем. Охир, ӯ яке аз иштирокчиёни ҶБВ асту ёде аз корнамоиҳояш дар арафаи ид бамаврид хоҳад буд.
Бобои Қахрамон дар ҷанг маҷруҳ шуда, бо як дасти бурида ба Ватан баргашта буд. Маълум буд, ки ӯ дар муқобили душман сина сипар карда, пораи ҷисмро аз даст дода, бад-ин сон маъюб шуда буд.
Солҳои аввал, ки аз ҷанг баргашта буд, мавриди эҳтироми ҳама буд. Садри маъракаҳои диёр буд. Дар ҳамаи маъракаву маросиме, ки ӯро чун ҷанговари қаҳрамон даъват менамуданд, бо ифтихор дасти маҷрӯҳро тарафи дил майл медоду мебардошт, то нодидаҳо бубинанд, ки бо чӣ “бохт”-ҳое “бурд”-и ҷанг бар зидди Германияи фашистӣ ба даст омадааст. Аммо вақтҳои охир дигар чунин намекард. Чунки баъд аз хотимаёбии ҷанг то андозае таваҷҷуҳи ҷомеа низ ба корнамоиҳои онҳо коста гардид. Акнун ҷуръат карда, гоҳ-гоҳе ба иззати нафси ҷанговарон низ мерасиданд.
Ҳатто мегуфтанд, ки “Баъзеҳо барои халосӣ аз ҷанг ва ба хона баргаштан дасту пойи худро ба дами тир доштаанду мардум бехабар онҳоро “қаҳрамон” мехондаанд. Ҳай афсӯс, афсӯс...
Магар нисбати иштирокчиён-қаҳрамонони ҷанг ин беэҳтиромӣ ва беадолатӣ нест?
Мо - мардуме, ки ба гуфти шоирон, бар сари ҳеҷ миллате дар тӯли таърих “...Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидем”- тарсону ларзон, эҳ бубахшед, бо ғайрати даҳчандон силоҳ бар китфу ҷон дар каф гирифта, бар муқобили фашизм ҷангидему ана ин гапҳоро бинед.
Асабӣ мешуд, бобои Қаҳрамон. Хайр, бигзор чунин бошад, мегуфт ӯ гоҳе бо ғазаб. Аммо барои расидан то чунин маҷруҳшавӣ мо рӯзҳову ҳафтаҳоро даруни мағоки хандақҳо паси сар намудем, дар ҳоле, ки шумо зери сақфи осудаи хонаи худ, дур аз садои тиру туфанг хобида будед. Аҷаб мардуме... Ҷанг кунӣҷанговар, накунӣ - нанговар. ...
Он рӯзҳо дигар ҳеҷ гоҳ бар сари банӣ одам наоянд. Он қадар дучори ваҳшонияти ҷангу таркишҳо дар сангарҳо шуда будем, ки ҳатто нафаҳмидем кӣ моро парронду кай ба чунин ҳолат афтидем.
Эҳ мардум, мардум.
Мегӯянд яке дарвозаи шаҳр ва дигаре даҳони мардумро баста намешавад, рост будааст. Чӣ мешавад, ки ба ҷойи қазоват кардан ба заҳмати дигарон арҷ гузоштанро ёд бигиред.
Ҳарчи буд, набуд, ин иди мост! Иди иштирокчиёни бошарафи Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Иде, ки аз мо даст рабуд, по рабуд, тан рабуд, ҷон рабуд, то дасту сару ҷонҳои дигар дар амон бошанд.
МАҲҶУБ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...