Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рақамҳо


Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рақамҳо



26,1 миллион нафар мувофиқи маълумоти расмӣ дар майдони ҷанг фавтидааст. Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ шумораи умумии фавтидагон 43 миллион гуфта мешавад. Аммо шумораи аниқи фавтидагон то ҳол мавзуи баҳсбарангез аст.

1,8 миллион нафар дар асорат ё дар ҳиҷрат вафот карданд.

3 солу 10 моҳу 18 рӯз ё 1418 шабонарӯз давом кардааст.

1126 шабонарӯз дарозтарин муҳориба дар таърихи ин ҷанг буда, ин муҳориба барои Ленинград буд.

12 миллион нафари фавтидагон хизматчиёни ҳарбӣ буданд.

17 соли аввал пас аз ғалаба 9 май ҳамчун ид ҷашн гирифта намешуд.

Аз соли 1965-ум 9 май ҳамчун иди расмӣ аз нав эҳё шуд.

250 ҳазор марка (тибқи маълумоти дигар 100 ҳазор марка) роҳбарияти Германияи фашистӣ барои сари Юрий Левитан мукофот ваъда карда буд.

Дар 30 дақиқа пас аз оғози ҳуҷуми фашистон 43 танки онҳо несту нобуд карда шуд. Ин муҳориба бо роҳбарии лейтинанти калон З. Колобанов доир шуд, ки он ба китобҳои Рекордҳои Гиннес ҳамчун муҳорибаи натиҷаовартарин дохил шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода