Амаки Зайнулло(навор)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 527
Зайнулло Алиев соли 1925 дар ноҳияи Кангурт (ҳозира Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1941 бо хоҳиши худ ба ҷанги зидди гитлерчиён рафт.
Дар ҳайати фронтҳои Ленинград ва Беларусия ҷангида, дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Варшава, давлатҳои Венгрия, Молдавия ва Руминия ширкат варзид. Ӯ хотираҳои худро дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл карда, мегӯяд: "Солҳои ҷанг хело душвор буд, азоб мекашидем. Вақте ба Берлин наздик шудем, фашистони хунхор аскаронро зинда зери хок мекарданд ва ҳатто ларзидани хокро ман бо чашмони худ дидаам".
Солҳои ҷанг гуруснагӣ низ ҳукмрон буд. Амаки Зайнулло ва якчанд аскарони дигар маҷбур шуданд, ки аз гуруснагии зиёд ба як дона пиёз қаноат кунанд. Вақте ки аскарон нон меҷустанд, аз миёнбанди аскари ҳалокшуда бӯйи нон меояд. Бехабар аз он ки дар тикаи нон норинҷак баста шудааст, ҳангоми буридани нон он метаркад ва як чанд нафар дар байни онҳо ҳалок мегардад. Хушбахтона, амаки Зайнулло ҷон ба саломат мебарад. Солҳои ҷанг аскарони сурх аз ноилоҷӣ решаи дарахту хаси так-так мехӯрданд. Миллионҳо нафар ҷони худро аз даст доданд. Диловари тоҷик борҳо тир хӯрда, ӯро дар ҳолати маҷрӯҳӣ ба бемористон бурданд. Зайнулло Алиев шифо ёфта, боз ба майдони ҷанг мебаромад.
[media=]
Хизматҳои бобои далер бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудааст. Хушбахтона, собиқадорони ҷанг аз ғамхории давлату Ҳукумати кишвар бархӯрдоранд. Дар ҳар як ҷашну маросим аз тарафи мақомотҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.
Аминҷон ДАВЛАТОВ,
таҷрибаомӯзи "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00